Феврал 03, 2017 20:01 Asia/Dushanbe
  • Шероз - пойтахти ҷавонони ҷаҳони Ислом

Шероз дар соли 2017-и мелодӣ пойтахти ҷавонони кишварҳои исломӣ интихоб шудааст ва шанбеи 16-уми баҳман дар ойини расмӣ ин унвонро аз Истанбули Туркия барои муддати як сол таҳвил мегирад.

Ба гузориши ИРНА, мудири кулли варзишу ҷавонони устони Форс рӯзи ҷумъа бо эъломи ин хабар гуфт, дар ин ойин парчами пойтахтии Шероз рӯбарӯи оромгоҳи Ҳофиз барафрошта мешавад ва нақшаи роҳи иҷрои ҳафт барномаи байналмилалӣ бо ҳузури кишварҳои исломӣ дар ин як сол тавассути масъулони аршад имзо мешавад.

Оқои Комёб афзуд, дар ойини вижае дар маросими ифтитоҳия ҷавонони Истанбул калиди пойтахтиро ба ҷавонони Шероз эҳдо мекунанд.

Мдири кулли варзишу ҷавонони устони Форс бо баёни ин ки қабл аз Шероз шаҳри Истанбули Туркия ба муддати 2 сол мизбони ин пойтахтӣ будааст, изҳор дошт: “Дар ҳоли ҳозир шаҳри Шероз ба муддати як сол ба унвони пойтахти ҷавонони Ислом интихоб шудааст, ки эҳтимоли тамдиди ин унвон барои 2 сол низ вуҷуд дорад”.

Пеш аз ин низ Машҳад ба унвони пойтахти фарҳангӣ ва гардишгарӣ дар соли 2017 тайи маросиме интихоб шудааст.