Ҳалокати се нафар бар асари тармафароӣ дар шарқи Теҳрон
Устондори Теҳрон гуфт, бар асари барфу борони шадид ва зери тарма мондани чаҳор мошин дар роҳи Ҳароз – Обалӣ, дар шарқи Теҳрон се нафар ҷон бохтанд.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Сайидҳусейни Ҳошимӣ, устондори Теҳрон рӯзи ҷумъа бо ҳузур дар маҳалли ҳодисаи тармафароӣ дар шарқи Теҳрон ба хабарнигорон гуфт, воситаҳои ёрирасони вижа, аз ҷумла сагҳои зиндаёб ва як чархболи имдодии Ҳилоли Аҳмар ба ин минтақа фиристода шуда, як нафар аз афроде, ки зери тарма мондаанд, наҷот ёфтааст.
Содиқи Сукрӣ, мудири кулли равобити умумии роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам аз наҷот ёфтани 300 мусофир дар роҳи Ҳароз-Фирӯзкӯҳ, дар шарқи Теҳрон хабар дод.
Бориши барфу борон аз рӯзи панҷшанбе бештари устонҳои Эронро фаро гирифтааст.