Феврал 04, 2017 10:58 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти Ҳасан Ҷавҳарчӣ, ҳунарпешаи эронӣ

Ҳасани Ҷавҳарчӣ, ҳунарпешаи синамо ва телевизиони Эрон ба иллати исти қалб даргузашт.

Ин ҳунарпешаи саршиноси телевизион рӯзи ҷумъа, 4-уми феврал дар синни 48-солагӣ дар бемористоне дар Теҳрон чашм аз ҷаҳон фурӯ баст. Ӯ ба далели бемории ҷигар дар бахши муроқибатҳои вижа бистарӣ буд.

Пайкари Ҳасан Ҷавҳарчӣ соати 9-и рӯзи якшанбе дар рӯ ба рӯи Хонаи синмои Теҳрон ташйиъ мешавад ва дар қитъаи ҳунармандони “Биҳишти Заҳро”-и ин шаҳр ором мегирад.

Ҷавҳарчӣ хатмкардаи риштаи аккосии Донишкадаи ҳунарҳои зебои Теҳрон буда, 28 сол пеш кор дар синморо шурӯъ кард. Бозӣ дар 20 филми синамоӣ ва 30 силсилафилми телевизионӣ аз фаъолиятҳои ин ҳунарпеша дар арсаи ҳунар будааст.