Феврал 06, 2017 13:29 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкории рейлии Эрон ва Узбакистон

Саид Муҳаммадзода, мудиромили роҳи оҳани ҷумҳурии исломии Эрон дар дидор бо Баҳодур Абдуллоев, сафири Узбакистон дар Теҳрон дар бораи густариши ҳамкориҳо дар заминаи ҳамлу нақл ва транзит гуфтугӯ кард.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Муҳаммадзода дар ин дидор гуфт: Роҳи оҳани ҷумҳурии исломӣ дарсадади афзоиши ҳамкориҳои рейлии байни Эрон ва Узбакистон аст ва раванди рӯ ба густариши равобити Теҳрону Тошканд сабаб шудааст, то Теҳрон роҳандозии дафтари намояндагии роҳи оҳани Эронро дар Узбакистон пайгирӣ кунад .

Ҳусайни Ошӯрӣ, узви ҳайъатмудираи Ширкати роҳи оҳани Эрон низ, ки дар ин дидор ҳузур дошт, бо ишора ба собиқаи ҳамкориҳои Эрону Узбакистон дар ҳавзаи ҳамлу нақли рейлӣ гуфт: Ин ҳамкориҳо дар солҳои ахир афзоиш ёфта ва бисёре аз маҳсулоти кишоварзии Узбакистон аз тариқи Эрон ба дигар кишварҳо содир шудааст .

Сафири Узбакистон дар Эрон низ дар ин нишаст аз омодагии кишвараш барои густариши ҳамкориҳо бо Эрон дар заминаи ҳамлу нақл ва транзит хабар дод .

 

Барчасп