Феврал 06, 2017 17:30 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар бораи манофеи миллии худ бо дигарон машварат намекунад

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, Эрон дар бораи манофеи миллии худ бо дигарон машварат намекунад ва вокунишҳои Амрико дар бораи озмоишҳои мушакии Эрон комилан хасмона ва таҳрикомез аст.

Баҳроми Қосимӣ-сухангӯи вазорати умури хориҷаи  Эрон имрӯз (душанбе) дар нишасти ҳафтагӣ, бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ дар бораи вокуниши Вашингтон ба озмоиши мушакии ахири Эрон, гуфт, баҳси мушакӣ марбут ба давлат, ҳокимият ва мардуми Эрон аст.

Вай бо ишора ба таҳдиди Эрон аз сӯи муовини раисиҷумҳури Амрико, ки гуфта буд азм ва иродаи раисиҷумҳури Амрикоро маҳак назанед афзуд, Эрон дар баҳси дифоъ тибқи масолеҳи худ амал мекунад ва ба дигарон иҷоза надода ва нахоҳад дод, ки дар умури Эрон дахолат кунанд.

Қосимӣ ҳамчунин дар бораи таҳрукоти ҷадиди режими саҳюнистӣ зидди Эрон гуфт, тасаввуроти режими саҳюнистӣ дар бораи Эрон хом аст, ин режим ҳамвора дар садади ёргирӣ, зидди Эрон буда ва дар шароити кунунӣ фикр мекунад, заминаи ёргирӣ фароҳам шудааст.

Баҳроми Қосимӣ дар бораи иқдоми мутақобили Эрон дар қиболи таҳримҳои ҷадиди Амрико зидди Эрон низ гуфт, ба зуддӣ феҳристе аз муассисот ва ширкатҳои амрикаӣ, ки дар кумак ба гурӯҳҳои террористӣ- такфирӣ аз ҷумла ДИИШ ва саркӯби мардуми мазлуми Фаластин ба василаи режими саҳюнистӣ нақш доштаанд, мунташир мешавад ва дар феҳристи таҳримҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор мегиранд.

Барчасп