Феврал 06, 2017 21:25 Asia/Dushanbe
  • Гомҳои Эрон ва Беларус дар масири тавсеаи равобит

Раисиҷумҳури Эрон гуфт, Теҳрон аз афзоиши ҳамкориҳо дар заминаи масоили ‏иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илм ва фановарӣ бо Минск ва ҳамчунин кишварҳои минтақаи АвруОсиё истиқбол мекунад.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, рӯзи душанбе дар дидори Михаил Мясникович, раиси Шӯрои маҷлиси миллии Беларус, дар Теҳрон бо таъкид бар ин ки Эрон ва Беларус ҳамвора бо мавозеи наздики сиёсӣ ва ‏ҳамкориҳои байналмилалӣ дар канори якдигар будаанд, афзуд, тавсеа ва таъмиқи равобити дуҷониба ба нафъи ҳар ду давлат ва миллат аст.‏

Рӯҳонӣ ҳамчунин ба барномаи Эрон дар тавсеаи масири транзитии ҷануб ба шимол ‏ишора кард ва гуфт, Беларус ва Эрон метавонанд илова бар ҳамкориҳои муштарак, масире барои иртибот дар густарае аз Халиҷи ‏Форс, то Иттиҳоди Аврупо бошанд.‏

Михаил Мясникович низ дар ин дидор гуфт, ирода ва тафоҳуми раисони ҷумҳурии ду кишвар дар афзоиши ‏сатҳи равобит, густариши ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои илм ва фановарӣ, иқтисодӣ, гардишгарӣ ва ‏порлумонӣ аст.

Вай ҳамчунин гуфт, раисиҷумҳури ‏Беларус дар ростои таҳкими равобити дуҷониба дар ҳоли барномарезӣ, барои сафари расмӣ ба Теҳрон аст.‏

Барчасп