Феврал 06, 2017 21:41 Asia/Dushanbe
  • Як мақоми эронӣ: Миллати Эрон таҳдидро намепазирад

Муовини аввали раисиҷумҳури Эрон гуфт, давлатҳо ва афроде, ки бо забони таҳдид бо миллати бузурги Эрон сухан бигӯянд, бозандаи аслии майдон ҳастанд.

Ба гузориши ИРНА, Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ бо таъкид бар ин ки миллати Эрон таҳдид намепазирад тасреҳ кард, Эрон аз таомул истиқбол мекунад, аммо афроде, ки бо забони таҳдид бо миллати Эрон сӯҳбат кунанд, ба таври қатъи бознда ҳастанд.

Ҷаҳонгирӣ дар хусуси иқдомоти ахири раисиҷумҳури Амрико дар қиболи миллати Эрон ва мамнуъияти вуруди шаҳрвандони  эронӣ ба хоки Амрико афзуд, амрикоиҳо равиши бадеро интихоб кардаанд ва умедворем аз ин равиш бозгарданд ва роҳи таомулро пеш бигиранд.

Муовини аввали раисиҷумҳури Эрон, ҳамчунин бо баёни ин ки байни Эрон ва Амрико девори беэътимодии бисёр баланде вуҷуд дорад гуфт, нақши амрикоиҳо дар бисёре аз масоили Эрон аз зеҳни миллати мо пок намешавад.

 

Барчасп