Эрон ваксинаи фалаҷи кӯдакони минтақаро таъмин мекунад
Бо мувофиқати Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, тавлиди ваксинаи фалаҷи кӯдакон барои таъмини ниёзи кишварҳои минтақа ба Ширкати донишбунёни "Шифо доруи Эрон" вогузор шуд.
Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, Мустафо Қонеӣ, раиси Муҷтамаи тавлидии таҳқиқотии институти Пастори Эрон бо ишора ба вуҷуди конунҳои олудаи бемории фалаҷи кӯдакон дар кишварҳои ҳамсояи Эрон гуфт: Тибқи дастуруламали Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, Эрон ба унвони созандаи ин ваксина дар минтақа интихоб шудааст .
Қонеӣ афзуд: Эрон ваксинаи фалаҷи кӯдаконро барои пушиш додани кишварҳои Покистон, Афғонистон ва соири кишварҳои олудаи минтақа тавлид мекунад .
Мансури Самиӣ, мудиромили Ширкати донишбунёни “Шифо доруи Эрон” низ дар ин маросим гуфт: Протоколи дармонии ҷадиди Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ (WHO) барои истифода аз ваксинаи фалаҷи кӯдакон ба сурати тазриқӣ аст .