Мавлавӣ Абдулҳамид: Эрониён дар роҳпаймоии 22-юми баҳман ҷавоби Трампро медиҳанд (видео)
Имоми ҷамоати масҷиди Маккии Зоҳидон, ки аз муҳимтарин масоҷиди аҳли суннат дар Эрон аст, аз мардуми ин кишвар хост, бо ҳузур дар роҳпаймоии 22-юми баҳман посухи изҳороти зиддиэронии раисҷумҳури Амрикоро бидиҳанд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзеҳӣ дар бораи аҳамияти ширкат дар роҳпаймоии 22-юми баҳман гуфт, чашми ҷаҳониён дар ин рӯз наззоракунандаи вафодории мардуми Эрон ба низомашон аст. Имоми ҷумъаи масҷиди Маккии шаҳри Зоҳидон афзуд, ахиран, раисҷумҳури Амрико ҳарфҳое зада, ки лозим аст, мардуми Эрон, чӣ шиа ва чӣ суннӣ, бо ҳузурашон дар саҳнаи роҳпаймоии 22-юми баҳман ҷавоби ҳарфҳои ӯро бидиҳанд ва ҳимояти худро аз инқилоб ва низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом кунанд.
Ҳамасола дар солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар Эрон, 22-юми баҳман (10 феврал) мардуми саросари Эрон дар роҳпаймоии ин рӯз ширкат мекунанд.