Роҳпаймоии миллионии 22-и баҳман дар Эрони исломӣ
Роҳпаймоии миллионии сивуҳаштумин Солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон субҳи имрӯз (ҷумъа, 10 феврал), ҳамзамон дар Теҳрон ва ҳазорон шаҳру русто дар саросари Эрони исломӣ баргузор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, роҳпаймоии густардаи 22-и баҳман дар Теҳрон дар масирҳои 10 -гона баргузор шуд ва роҳпаймоён дар ҳаракат ба самти майдони Озодии ин шаҳр, ҳама яксадо шиори "Истиқлол”, “Озодӣ” ва “Ҷумҳурии исломӣ"-ро фарёд заданд.
Дар Машҳад, Табрез, Шероз, Аҳвоз, Исфаҳон ва дигар шаҳрҳои бузургу хурди Эрон низ имрӯз мардум бо ваҳдат, якпорчагӣ ва ҳамгароӣ якбори дигар дар саҳна ҳузур ёфтанд то ба душманони Эрони исломӣ бигӯянд, ҳамвора ҳушёр ҳастанд ва аз инқилоби худ дифоъ мекунанд.
Мардум бо сар додани шиорҳои “Аллоҳу Акбар”, “Марг бар Амрико” ва “Марг бар Исроил” ба ҷаҳониён эълом карданд, ки аз таҳдидҳои душманони инқилоб исломӣ намеҳаросанд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ чанд рӯзи пеш таъкид карданд, мардуми Эрон дар рӯзи 22-и баҳман посухи таҳдидҳои Амрикоро хоҳанд дод.
Ҳудуди 230 хабарнигори расонаҳои хориҷӣ аз 25 кишвар ба шакл майдонӣ роҳпаймоии миллионии 22-и баҳманро дар Эрони исломӣ барои мухотабони худ пӯшиш медиҳанд.
Садҳо меҳмони хориҷӣ аз кишварҳои мухталиф, ки умуман аз шахсиятҳои илмӣ, сиёсӣ ва соҳибнуфузи кишварҳои аврупоӣ ҳастанд, ба унвони меҳмони вижа дар роҳпаймоии 22-и баҳман дар Теҳрон ҳузур ёфтанд.