Эрониҳо: Амрико душмани шумораи яки Эрон аст
Ширкаткунандагон дар роҳпаймоии 22-и баҳмани имсол дар саросари Эрони исломӣ бо судури қатъномае, Амрикоро душмани шумораи яки худ унвон карданд.
Мардуми Эрон рӯзи ҷумъа дар поёни роҳпаймоии саросарии 22-и баҳман бо судури қатъномае, бо ибрози хашму эътирози худ ба бадаҳдиҳову нақзи муҳтавои БАРҶОМ тавассути Амрико, талошҳои Кохи Сафедро барои ҷорӣ кардани таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон ва эҷоди мавҷи исломситезиву Эронҳаросӣ маҳкум карданд ва аз масъулони эронӣ хостанд то бо мавозеи қотеонаву роҳкорҳои пешгиронаи муассир, муқобилаи бамисл ва ҳамвазнро дар дастури кор қарор диҳанд.
Мардуми Эрон дар ин қатънома бо таъкид бар ин ки амнияти Эрон ғайриқобили мусолиҳаву музокира аст, тавзеҳ доданд, иқтидори мушакӣ намоди қудрати боздорандагӣ, тазмини амнияти миллӣ ва хатти қирмизи дифоии миллати Эрон бар асоси ҳуқуқи байналмилал ва маншури Созмони милали муттаҳид аст.
Дар идомаи қатъномаи поёнии роҳпаймоии саросарии 22-и баҳман омадааст: “Мардуми Эрон зимни ҳимоят аз муқовимати исломӣ дар минтақа ва маҳкум кардани ҷиноёти Оли Сауд ва Оли Халифа дар Яману Баҳрайн, ки бо тарроҳӣ ва ҳимояти Амрико, Англия, режими саҳюнистӣ ва иртиҷоии минтақа сурат мепазирад, мухолифати худро бо тарвиҷи хушунат, ифротгарӣ ва нафратпароканиву терроризм дар ҷаҳон эълом мекунанд”.
Ин қатънома меафзояд, мардуми Эрон, Фаластинро ҳамчунон мавзӯи меҳварии ҷаҳони Ислом ва муқовиматро танҳо роҳи дастёбии миллати мазлуми Фаластин ба ҳуқуқи худ медонанд.