Феврал 10, 2017 20:42 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби густардаи роҳпаймоии миллионии мардуми Эрон дар расонаҳои ҷаҳонӣ

Ҳузури густардаву миллионии мардуми саросари Эрон дар роҳпаймоии 22-и баҳман, дар расонаҳои аврупоиву амрикоӣ бозтоби густардае дошт.

Рӯзномаи амрикоии “Вашингтон пост” рӯзи ҷумъа навишт, ҳазорон нафар дар хиёбонҳои Теҳрон, пойтахти Эрон гирдиҳам омаданд то дар айни афзоиши танишҳо бо давлати ҷадиди Амрико ва азми ин давлат барои мунзавӣ кардани Теҳрон, солрӯзи пирӯзии инқилоби исломиро ҷашн бигиранд.

Хабаргузории амрикоии “Ассошейтед пресс” низ гузориш дод, ки бо вуҷуди сармои шадид, мардуми саросари Эрон дар роҳпаймоии бузургдошти сивуҳаштумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ ширкат карданд.

Хабарнигори ин хабаргузорӣ изҳор дошт, дар ҳоле ки Трамп вориди ҷанги лафзӣ бо Эрон шудааст, ширкаткунандагон дар роҳпаймоии Теҳрон монанди ҳамеша шиори “Марг бар Амрико ва Исроил” сар доданд.

Шабакаи телевизионии “Си Эн Эн” ҳам бо пахши мустақими гӯшаҳое аз роҳпаймоии 22-и баҳман гузориш дод, роҳпаймоии бузургдошти пирӯзии инқилоби исломии Эрон имсол азимтар аз солҳои гузашта аст.

Шабакаи телевизионии “Евро нюз”, хабаргузории Фаронса низ бо пахши ҷумалоте аз суханронии Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, он бахш аз суханронии вайро, ки дар бораи таҳдидҳои Амрико буд, бозтоб доданд.

Хабаргузории Фаронса афзуд, мардуми Эрон сивуҳаштумин солгарди пирӯзии инқилоби исломиро бо роҳпаймоиҳои саросарии азим ҷашн мегиранд.

Дигар шабакаҳои хабарии ҷаҳон низ, аз ҷумла “Франс 24”, “Алҷазира”, “Алмаёдин”, “Алолам” ва “Алманор” ҳам суханронии раиси ҷумҳурии Эронро дар маросими 22-и баҳман ба сурати зинда пӯшиш доданд.