Таслияти шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с)
Имрӯз, ёздаҳуми феврал, баробар бо сездаҳуми моҳи ҷимоди-юл-аввал ва 23-юми баҳман, ба ривояте, солгарди шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (салом-ул-Лоҳу алайҳо), духтари бузургвори Расули мукаррами Ислом (с) аст.
Ин бонуи гиромӣ дар даврони зиндагии 18-солаи худ дар саҳнаҳои пурфарозу нишеби садри Ислом бо падараш, Расули Худо (с) ва ҳамсараш ҳазрати Алӣ (а) ҳамроҳ буда, фарзандони солеҳе чун Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусейн (а) тарбият кард, ки ба гуфтаи Паёмбар (с), сарвари ҷавонони аҳли биҳиштанд.
Паёмбари гиромии Ислом (с) ҳазрати Фотима (с)-ро сарвари занони олам хонда, дар бораи эшон фармудаанд: "Фотима пораи тани ман аст, ҳар касе ӯро хушнуд кунад, маро хушнуд сохта ва ҳар касе ӯро ба хашм оварад, маро ба хашм овардааст".
Мақоми баланди эшон дар ҳамсардорӣ, модарӣ, фаъолиятҳои илмӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ сабаб шудааст, ки андешамандони исломӣ ҳам ин шахсияти бузурги исломӣ, намунаи беназир, ҷомеъ ва комили зани мусалмонро муаррифӣ кунанд.
Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) пас аз реҳлати падар рӯзгори бисёр сахтеро таҷриба карда, дар ҳаёти кӯтоҳи худ пас аз фироқ эшон бо мусибатҳои фаровоне рӯ ба рӯ шуд. Саранҷом он бонуи арҷманд бетоб аз ҳиҷрони Паёмбар (с), ба ривояте, 75 рӯз пас аз реҳлати он ҳазрат ба дидори падари бузургавораш шитофт.
Радиои “Садои Хуросон” солгарди шаҳодати ин бонуи бузургворро ба ҳама мусалмонони ҷаҳон таслият мегӯяд.