Намояндагони Эрон барои назорат бар интихоботи Туркманистон вориди Ашқобод шуданд
Ҳайати сиёсии парлумони Ҷумҳурии Исломии Эрон, бино ба даъвати давлати Туркманистон ба манзури назорат бар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар вориди Ашқобод шуд.
Ҳодӣ Шӯштарӣ- узви Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва намояндаи ҳавзаи интихобии Қучон, Форуҷ ва Боҷгирон дар вилояти Хуросони Разавӣ ва Сайид Муҳаммад Мӯсо Ҳошимии Гулпойгонӣ- сафири собиқи Эрон дар Ашқобод, аз ҷумлаи аъзои ҳайати эъзомии сиёсии парлумони Эрон, ҷиҳати назорат бар раванди интихоботи раёсатҷумҳурии Туркманистон, ки қарор аст, фардо 12 феврал дар ин кишвар баргузор шавад, мебошанд.
Шӯштарӣ зимни ташреҳи аҳдофи ин сафар, гуфт, мо равобит ва ҳамкориҳои густурдае бо кишвари дӯсти Туркманистон дорем ва ҳавзаи банда дар Маҷлиси Шӯрои Исломӣ низ манотиқи ҳамҷвор ва мабодии марзӣ бо ин кишвар мебошад, ки бино ба даъвати тарафи Туркманистон ба манзури назорат бар раванди интихоботи раёсатҷумҳури ин кишвар ба Ашқобод омадем.
Вай афзуд, қарор аст, дар ҳошияи ин сафар илова бар боздид аз ҳавза ва шӯъбаҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Туркманистон дар Ашқобод, мулоқот ва музокирот бо Рашид Муродов, вазири умури хориҷа ва муовини раисҷумҳури ин кишвар низ хоҳем дошт.
Интихоботи раёсатҷумҳурии Туркманистон, фардо 12 феврал 2017 бо 4 номзад аз ҷумла Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раисҷумҳури феълии ин кишвар ба унвони номзади Ҳизби демократ (ҳизби ҳоким) баргузор мешавад.