Феврал 12, 2017 16:48 Asia/Dushanbe
  • Худравҳои эронӣ ба зудӣ рақиби худравсозони Аврупо ва Осиё

Сафири Кореяи ҷанубӣ дар Теҳрон гуфт, худравҳои эронӣ ба зудӣ рақиби худравсозони аврупоӣ ва осиёӣ мешаванд.

Ба гузориши ИРНА, Ким Сунг Ҳу, сафири Кореяи ҷанубӣ дар Эрон рӯзи якшанбе дар чаҳорумин ҳамоиши байналмилалии Санъати худрави Эрон дар Теҳрон афзуд: “Фурсати хубе барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои эронӣ ба вуҷуд омада ва худравсозони байналмилалӣ дар ҳамоиши санъати худрав метавонанд бо чеҳраи воқеии Эрон дар ҳавзаи худрав ошно шаванд”.

Ким Сунг Ҳу гуфт, ҳамкорӣ бо Эрон як фурсат аст ва ҳузур дар Эрон - ширкат дар рақобате аст, ки ширкатҳои хориҷиро қудратманд хоҳад кард.

 Вай изҳор дошт, санъати худравсозии Эрон ба зудӣ қудратманд мешавад ва бо худравсозони ҷаҳон рақобат хоҳад кард.

 Чаҳорумин ҳамоиши байналмилалии Санъати худрави Эрон рӯзи якшанбе дар Теҳрон оғоз ба кор кард.

Ширкатҳои худравсози Фаронса, Туркия, Олмон, Испания, Италия, Ҷопон, Корея ва Чин дар ҳамоиши Санъати худрави Эрон ҳузур доранд.

 

Барчасп