Таъкиди артиши Эрон ба таъмини амнияти гузаргоҳи Боб-ул-Мандаб
(last modified Sun, 12 Feb 2017 15:55:38 GMT )
Феврал 12, 2017 20:55 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди артиши Эрон ба таъмини амнияти гузаргоҳи Боб-ул-Мандаб

Фармондеҳи Нерӯи дарёии артиши Эрон гуфт, муҳимтарин масъалаи Нерӯи дарёии артиши Эрон таъмини амният дар халиҷи Адан, баҳри Сурх ва тангаи Боб-ул-Мандаб аст.

Ба гузориши ИРНА, амири дарёдор Ҳабибуллоҳ Сайёрӣ, фармондеҳи Нерӯи дарёии артиши Эрон рӯзи якшанбе дар маросиме афзуд: “Нерӯи дарёии артиши Эрон то кунун се ҳазору ҳаштсаду панҷоҳ киштии тиҷорӣ ва нафткаши эронӣ ва 25 киштии хориҷиро дар Боб-ул-Мандаб ва халиҷи Адан гусел кардааст.

Дарёдор Сайёрӣ изҳор дошт, новгурӯҳҳои Нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон барои нахустин бор тавонист дамоғаи Умеди нек (шибҳиҷазираи харсангӣ, воқеъ дар соҳили ҷануби Африқои ҷанубӣ, дар убур ба Уқёнуси Атлантика аст)-ро давр бизанад.

Фармондеҳи Нерӯи дарёии артиш ҳамчунин гуфт, авоили соли 2018 ҳамоиши фармондеҳони Нерӯи дарёии кишварҳои ҳошияи Уқёнуси Ҳинд ба мизбонии Нерӯи дарёии артиши Эрон баргузор хоҳад шуд, ки кишварҳое аз Аврупо низ ба унвони узви нозир дар ин иҷлос ширкат хоҳанд кард.