Афзоиши 21-дарсадии содироти ғайринафтии Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i1333-Афзоиши_21_дарсадии_содироти_ғайринафтии_Эрон
Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон аз афзоиши 21-дарсадии содироти ғайринафтии Эрон дар чор моҳи гузашта нисбат ба порсол хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 04, 2016 11:36 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 21-дарсадии содироти ғайринафтии Эрон

Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон аз афзоиши 21-дарсадии содироти ғайринафтии Эрон дар чор моҳи гузашта нисбат ба порсол хабар дод.

Ба гузориши шабакаи итилоърасонии нафт ва энержӣ, Муҳаммадризо Неъматзода, вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти раисони Созмони саноат, маъдан ва тиҷорати вилоятҳои Эрон гуфт, бо афзоиши 25-дарсадии содироти ғайринафтии Эрон, муодили 10 миллиард доллар метавон ба рақами 50 миллиард доллари ҳадафгузоришуда то поёни имсол расид. Ӯ тасреҳ кард, имсол бо равнақи тарҳи тавлиду содироти воҳидҳои саноатӣ дар Эрон ин тарҳ бо касби таҷриба ва равишҳои беҳтар дунбол хоҳад шуд. Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон ҳамчунин гуфт, рушди чаҳорунимдарсадии барқи саноатӣ дар чаҳор моҳи гузашта нишондиҳандаи таҳарруки иқтисодию саноатӣ дар Эрон аст.