Навозандаи номдори эронӣ барандаи муътабартарин ҷоизаи мусиқии ҷаҳон
Кайҳон Калҳур, навозандаи барҷастаи эронӣ ҷоизаи беҳтарин мусиқии ҷаҳонро дар ҷашнвораи байналмилалии Гремми Амрико (Grammy Award) касб кард.
Дар панҷоҳу нуҳумин давраи ҷавоизи мусиқии Гремми, Кайҳон Калҳур бо гурӯҳи “Ҷодаи Абрешим” ба раҳбарии Юйумои чинӣ, яке аз бузургтарин ва маъруфтарин виолончелнавозони муосир бо албоми “sing me home”, барандаи ҷоизаи бахши беҳтарини “мусиқии ҷаҳонӣ” шуд.
Кайҳон Калҳур камончанавози ин гурӯҳи мусиқӣ будааст.
Ҷоизаи байналмилалии Гремми арзише муодили ҷоизаи синамои Оскар дорад ва ба барандагонаш як муҷассамаи тиллоӣ ба шакли граммофон эҳдо мешавад.
Пеш аз ин, дар миёни ҳунармандони мусиқии Эрон танҳо устод Муҳаммадризо Шаҷариён (хонанда) ва Ҳусайн Ализода (бастакор ва навозанда) номзади дарёфти ҷоизаи Гремми шуда буданд.
Кайҳон Калҳур, оҳангсоз ва навозндаи 53 -солаи курдзабони аҳли Эрон аст, ки устоди мусаллами навохтани созҳои эронӣ ҳамчун камонча, танбӯр ва сетор аст.