Феврал 15, 2017 11:56 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: Эрон дар пайи мудохила ё таҳмили ақоиди мазҳабиаш бар минтақа нест

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Эрон ҳеҷ гоҳ ба фикри таҷовуз, мудохила, таҳмили ақоиди динӣ, мазҳабӣ ва ё сиёсии худ ба кишваре набудааст.

Ҳасани Руҳонӣ раиси Ҷумҳурии Эрон субҳи рӯзи чаҳоршанбе пеш аз сафар ба Уммон ва Кувайт дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба истиқболи кишварҳои Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс аз густариши равобит бо Эрон афзуд: Давлати Кувайт паёмеро аз тарафи шаш кишвари ҳошияи Халиҷи Форс бинобар иродаи онҳо барои эҷоди равобити беҳтар бо Эрон, ҳаллу фасли сӯитфоҳумҳо ва густариши равобит аз тариқи гуфтугӯ ва музокира ба Теҳрон ирсол кардааст.

Руҳонӣ асоси сиёсати Эронро ҳусни ҳамҷаворӣ бо ҳамсоягон ва ҳамкорӣ бо кишварҳои исломӣ донист ва тасреҳ кард: Эрон хоҳони густариши равобит дар кулли минтақа буда ва ҳадафи ниҳоии Теҳрон субот ва амнияти бештар ва тавсиаи ҳамаи кишварҳои минтақа аст.

 Раиси Ҷумҳурии Эрон тасреҳ кард: Амнияти Халиҷи Форс бояд фақат бо ҳамкории кишварҳои минтақа таъмин шавад ва ҳузури хориҷиҳо дар Халиҷи Форс ҳамвора зараровар будааст.

Руҳонӣ ба шароити кунунии минтақаи Ховари Миёна ишора кард ва афзуд: Дар ин сафар бо мақомоти Уммон ва Кувайт дар бораи минтақа, Ироқ, Сурия ва Яман гуфтугӯ хоҳад шуд, зеро нақши ин кишварҳо дар поён додан ба хунрезиҳо дар Яман қобил таваҷҷуҳ аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи рӯзи чаҳоршанбе ба даъвати расмии подшоҳи Уммон ва ба манзури гуфтугӯ бо подшоҳи ин кишвар озими Масқат шуд.

Рӯҳонӣ ҳамчунин асри рӯзи чаҳоршанбе пас аз поёни сафар ба Уммон ва ба даъвати расмии амири Кувайт ба ин кишвар сафар хоҳад кард.

 

Барчасп