Феврал 15, 2017 16:56 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Таҳдид ба ҷанги низомӣ тарфанди такрории Амрикост

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Амрико мехоҳад, бо такрори тарфанди таҳдид ва ҷанги низомӣ, таваҷҷуҳи масъулони ҷумҳурии исломии Эронро аз саҳнаи ҷанги воқеӣ яъне ҷанги иқтисодӣ мунҳариф кунад.

Ба иттилои пойгоҳи хабарии бурунмарзӣ, ҳазрати Оятуллоҳ аъзамии Хоманаӣ имрӯз чаҳоршанбе дар дидори ҳазорон нафар аз мардуми устони Озарбойҷони шарқӣ (шимоли ғарби Эрон) ҳузури мунсаҷим, муқтадирона ва пуртаровати миллат дар роҳпаймоии 22 баҳманро мояи обруи инқилоб ва низом ва Эрон хонданд ва бо қадрдонӣ аз мардуми Эрон тасреҳ карданд: Имсол на фақат манобеи дохилӣ аз ин ҳузури густарда сухан гуфтанд, балки душманони инқилоб ҳам бар хилофи солҳои қабл, бо истифода аз таобири миллионӣ ба ин ҳузури иззатбахш изъон карданд .

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар таҳлили ҳадафи воқеии давлати қаблӣ ва феълии Амрико дар такрори тарфанди таҳдиди Эрон ба ҷанг афзуданд: Имрӯз ҳам мисли қабл, аз гузинаҳои низомии рӯи миз ҳарф мезананд ва он масъули аврупоӣ ҳам ба масъулони Эрон мегӯяд, "Агар БАРҶОМ набуд, вуқуи ҷанг ҳатмӣ буд", аммо ин ҳарф як дуруғи маҳз аст ва онҳо мехоҳанд, зеҳни моро аз ҷанги воқеӣ яъне набарди иқтисодӣ мунҳариф кунанд ва ба ҷанги низомӣ савқ диҳанд, то масъулони кишвар аз тамарказ дар арсаи пешрафти иқтисодӣ ва таваҷҷуҳ ба ҷанги фарҳангии ғарбиҳо бо миллати Эрон боз бимонанд .

Эшон бо ишора ба талоши бевақфаи CIA, Моссад, дастгоҳи иттилоотӣ ва ҷосусии Англия ва ҳазина шудани долларҳои нафтии қорунҳо барои фазосозии зидди инқилоб ва ҷумҳурии исломӣ гуфтанд: Дар тамоми сол, садҳо шабакаи моҳвораӣ, фазои маҷозӣ ва варшикастагони фирорӣ аз Эрон, ба таҳқиру тазъиф ва муттаҳам кардани низом машғуланд, аммо ҳузури азими миллат дар рӯзи 22 баҳман ин фазои ғуборолудро покиза мекунад ва олудагиҳоро ме‌зудояд .

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, пешрафтҳои Эронро дар 4 даҳаи ахир дар бархе умури зербиноӣ, шигифтангез хонданд ва ёдоварӣ карданд: Бархе аз ин пешрафтҳо ва ҷаҳишҳо дар давраҳои садсола ҳам маъмулан имконпазир нест .

Эшон обру ва иззати миллии эрониёнро дар муқоиса бо даврони таҳқиромези тоғут, аз дастовардҳои пурифтихори инқилоб хонданд ва таъкид карданд: Имрӯз ҳама ба иззату иқтидори миллат ва ҳузури таъинкунандаи Эрон изъон доранд ва медонанд, тақрибан дар ҳамаи масоили минтақа, агар Эрон ҳузур надошта бошад ва ирода накунад, коре ба пеш нахоҳад рафт .

 

Барчасп