Феврал 15, 2017 19:44 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар зумраи 5 кишвари тавлидкунандаи хуноба дар ҷаҳон

Эрон дар тавлиди хунобаҳои дармонӣ ҷузъи панҷ кишвари мумтози ҷаҳон аст.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, Ҳамиди Каҳром, раиси Муассисаи таҳқиқоти ваксина ва хунобасозии Розии Эрон бо таъкид бар кайфияти бисёр болои хунобаҳои дармонии ин кишвар афзуд: Эрон бо тавлиди хунобаҳои дармонии зидди моргазидагӣ ва ақрабзадагӣ дар зумраи панҷ кишвари бартари ҷаҳон дар хунобасозӣ қарор гирифтааст .

Ҳамиди Каҳром ҳамчунин бо ишора ба фароянди тавлиди ваксинаи фалаҷи атфол дар Эрон гуфт: Камтар аз 10 кишвар дар ҷаҳон қодир ба тавлиди ин ваксина ҳастанд .

Вай афзуд: Муассисаи таҳқиқоти ваксина ва хунобасозии Розӣ дар ҳавзаи тавлиди ваксина ва фаровардаҳои биологӣ ба пешрафтҳои рӯзафзуне даст ёфтааст .