Феврал 16, 2017 12:49 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон ва Кувейт бар лузуми ҳамфикрӣ ва ҳамкории кишварҳои минтақа

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва амири Кувейт бо ишора ба аҳамияти ваҳдати кишварҳои мусулмон ва ‏ҳамсоя дар шароити кунунии минтақа, бар лузуми ҳамфикрӣ ва ҳамкории ин кишварҳо ба манзури эҷоди субот, амният ва тавсеаи кишварҳои минтақа таъкид карданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии раёсатҷумҳурии Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ, чаҳоршанбе шаб дар дидори шайх Сабоҳ Аҳмад Ҷобир Ассабоҳ, амири Кувейт бо ишора ба иштирокоти фарҳангӣ, таърихӣ ва динии Эрон ва Кувейт ва равобити бародарона, самимӣ ва таърихии ду миллат гуфт, зарфиятҳои фаровоне барои таъмиқ ва таҳкими равобити Эрон ва Кувейт дар абъоди мухталиф вуҷуд дорад, ки метавон ҳамаи онҳоро ҳамсӯ бо манофеъи ду миллат ва ҳамчунин минтақа фаъол кард.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муҳиммтарин таҳаввулоти минтақаӣ ба вижа хатари терроризм ишора кард ва афзуд, муъзалоти бузурги минтақа монанди терроризм хатари ҳамагонӣ ва фарогир аст ва танҳо роҳи муқобила ва рафъи он, истодани ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҳамсоягон дар канори якдигар аст.

Рӯҳонӣ ҳамчунин бар зарурати иттиҳод ва ҳамбстагии кишварҳои минтақа ва парҳез аз ихтилоф таъкид кард ва гуфт, имрӯз ҳама бояд ба унвони бародарони динӣ ва мусулмон канори ҳам қарор бигирем ва бо тафаккуроти ихтилофӣ муқобила кунем.

Амири Кувейт низ дар ин дидор бо изҳори хурсандӣ аз сафари раисиҷумҳури Эрон ба Кувейт ва мавозеъ ва дидгоҳҳои ваҳдатофарини вай, гуфт, шароити кунунии минтақа ҳама моро мулзам мекунад, ки равобити хубе бо икдигар дошта бошем аз ин рӯ, мусаммам ҳастем сатҳи равобити худро бо Теҳрон дар ҳамаи заминаҳо афзоиш диҳем.

Шайх Сабоҳ дар идома бо таъкид бар лузуми ваҳдат ва ҳамоҳангии кишварҳои минтақа ва мусулмон дар шароити кунунии минтақа тасреҳ кард, мо ҳама мусулмон ҳастем ва бояд бо бародарӣ дар канори якдигар, дар масири тавсеа, субот ва сулҳ гом бардорем.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар сафари якрӯз ба Уммон ва Кувейт рафт.

Ин сафар дар пайи он сурат гирифт, ки чанде пеш шаш кишвари арабии минтақаи Халиҷи Форс бо ирсоли паёме аз тариқи давлати Кувейт, тавсеаи ҳамкориҳо бо Эронро хостор шуда буданд.

 

Барчасп