Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Ҳеч кишваре тавони ҷанг бо Эронро надорад
(last modified Fri, 17 Feb 2017 12:04:06 GMT )
Феврал 17, 2017 17:04 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Ҳеч кишваре тавони ҷанг бо Эронро надорад

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, иқтидори Эрони исломӣ ҳамаи тавтеаҳои душманон алайҳи низому миллати Эронро беасар кардааст.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Козимии Сиддиқӣ имрӯз дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба иддаои бархе масъулони аврупоӣ, ки гуфта буданд, агар тавофуқи ҳастаӣ (БАРҶОМ) набуд, ҷанг бо Эрон зарурӣ мешуд, гуфт: “Ин як фиреб аст, зеро дунё тавони ҷангидан бо Эронро надорад ва миллати Эрон то охир дар муқобили душманон истодааст”.

Сиддиқӣ афзуд, агар Амрико ва қудратҳои бузурги истикборӣ ба Эрон ҳамлаи низомӣ намекунанд, ин шаҳодат аз иқтидори миллату қудрати низомии Эрон дорад.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон қудрати ҳафтуми низомии ҷаҳон аст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин зимни маҳкум кардани ҷиноёти режими оли Халифа дар қиболи миллати Баҳрайн, таъкид кард, инқилоби мардуми Баҳрайн хомӯш нахоҳад шуд ва ин инқилоб дар муқобили режими ҳокими оли Халифа пирӯз хоҳад шуд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин аз режими кӯдаккуши оли Сауд интиқод карду афзуд, ин режим бо ҳомиёни байналмилалии худ ҳамчунон ба ҷиноят зидди миллати Яман идома медиҳад.

Ҳуҷҷатулислом Сиддиқӣ аз Созмони милали муттаҳид низ ба сабаби сукут дар муқобили ҷиноёти режими оли Сауд интиқод карду гуфт: “Созмони милали муттаҳид бояд ин ҷиноёти Арабистонро мутаваққиф кунад”.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин аз ҳузури густардаи мардуми Эрон дар роҳпаймоии рӯзи 22-юми баҳмани имсол (10 феврал) дар сивуҳаштумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ қадрдонӣ кард.

 

Барчасп