Феврал 17, 2017 17:39 Asia/Dushanbe
  • Тими миллии футболи соҳилии Эрон қаҳрамони “Першиян коп”-и футболи соҳилӣ шуд

Тими миллии футболи соҳилии Эрон муваффақ шуд мақоми нахусти мусобиқоти “Першиян коп”-и Бушеҳр, дар ҷануби Эронро аз они худ кунад.

Дирӯз, панҷшанбе, дар охирин рӯзи мусобиқоти чаҳорҷонибаи “Першиян коп” дар Бушеҳр, тими миллии соҳилии Эрон бо бартарии чаҳор бар се баробари тими миллии футболи соҳилии Италия, мақоми нахусти ин мусобиқотро касб кард.

 Пеш аз ин дидор низ Украина бо натиҷаи чаҳор бар ду Полшаро шикаст дода буд.

Ба ин тартиб, Эрон бо ҳафт имтиёз қаҳрамони ин мусобиқот шуд ва пас аз он тимҳои Италия, Украина ва Полша ҳар се бо се имтиёз дар раддаҳои баъдӣ қарор гирифтанд.

Тимҳои аввал то чаҳоруми ин мусобиқот ба тартиб 100, 80, 60 ва 40 имтиёз касб мекунанд, ки ба имтиёзашон дар рутбаи ҷаҳонӣ изофа мешавад.

Италия тими чаҳоруми ренкинги ҷаҳонӣ аст.. Украина қаҳрамони ЕВРО ва Полша низ қаҳрамони мусобиқоти интихоби Ҷоми ҷаҳонӣ дар қораи Аврупост.

 

Барчасп