Феврал 17, 2017 17:50 Asia/Dushanbe
  • Эрон инфиҷори террористӣ дар Синди Покистонро маҳкум кард

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон инфиҷори террористӣ дар иёлати Синди Покистонро маҳкум кард.

Баҳроми Қосимӣ бо ибрози ҳамдардӣ бо давлат ва миллат ва тамоми бозмондагони ҳамалоти террористии иёлати Синди Покистон гуфт: “Ҳаракати ҳамаҷонибаи байналмилалӣ зидди террор, хушунат ва ифротгароӣ дар ҳама нуқоти ҷаҳон илзомӣ аст”.

Қосимӣ афзуд: "Истифодаи абзорӣ аз террор ва даҳшатафканӣ барои таъмини ғаразҳои сиёсӣ, палидтарин шева дар сиёсат аст, ки минтақа ва ҷаҳонро ноором, ноамн ва бесубот кардааст".

Асри рӯзи панҷшанбе дар инфиҷори террористӣ дар зиёратгоҳе дар шаҳри Сеҳвани Шарифи иёлати Синди Покистон дастикам 72 нафар кушта ва беш аз 200 нафар низ захмӣ шуданд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ин инфиҷорро бар ӯҳда гирифтааст.

Дар пайи ин иқдоми террористӣ, Маҷлиси ваҳдати муслимини Покистон се рӯз азои умумӣ эълом кард.

 

Барчасп