Эрон сафедпӯш шуд
Феврал 18, 2017 14:27 Asia/Dushanbe
Бориши шадиди барф бисёре аз шаҳрҳои Эронро пурра сафедпӯш кард.
Дар бисёре аз устонҳои Эрон бориши шадиди барф аз рӯзи гузашта оғоз шуда, ҳамчунон идома дорад. Барф ҳамчунин боиси таътили бисёре аз фурудгоҳу мактабҳо гашта, бештаре аз парвозҳо ба иллати боду ҳавои номуносиб лағв шуд.
Дар шаҳри Машҳад, шимолу шарқи Эрон низ бориши бесобиқаи барф шодиро меҳмони мардуми ин шаҳр кардааст. Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии “Шаҳид Ҳошиминажод”-и Машҳад низ то иттилои баъдӣ лағв, мактабҳо таътил ва кор дар идорот низ бо ду соат таъхир шурӯъ шудааст.
Бориши барф дар Машҳад ва атрофи он ба таври миёна ҳудудан ба 50 сантиметр мерасад.