Феврал 18, 2017 19:15 Asia/Dushanbe
  • Нишасти сеҷонибаи Эрон, Тоҷикистон ва Туркманистон

Нишасти сеҷонибаи ҷумҳурии исломии Эрон, Тоҷикистон ва Туркманистон бо ҳадафи рафъи мавонеъ дар масири густариши ҳамкориҳои тиҷории се кишвар дар шаҳри муқаддаси Машҳад дар шимоли шарқи Эрон баргузор шуд.

Муҷтабо Хусрутоҷ, қоиммақоми вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон дар ин нишасти якрӯза таи суханоне бо ишора ба аҳаммияти мубодилоти тиҷории миёни се кишвар гуфт: Эрон тавлидоти бо кайфияте дорад, ки бо эҷоди тасҳилоти гумрукӣ метавон заминаи вуруди ин колоҳоро ба кишварҳои ҳамсоя бавижа Туркманистон ва Тоҷикистон муҳаё кард. Вай ҳамчунин тасреҳ кард: Барои густариши равобити иқтисодии миёни Эрон, Тоҷикистон ва Туркманистон, тавсеаи муносиботи бонкии се кишвар зарурӣ аст  .

Эрон, Туркманистон ва Тоҷикистон се кишвари ҳамсоя ҳастанд, ки аз зарфиятҳои зиёде барои ҳамкориҳои мутақобил бархурдоранд. Ин ҳамкориҳо бавижа дар заминаи ҳамлу нақли роҳи оҳан аз авлавиятҳои ҳар се кишвар маҳсуб мешавад. Ин дар ҳолест, ки Эрон ба унвони кишваре, ки ба обҳои озод роҳ дорад, дар сохти роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон зинафъ аст ва ба унвони бузургтарин меросдори ҳавзаи фарҳангии Эрони бузург метавонад нақши миёнҷӣ ва суботбахш дар минтақа ифо кунад. Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон ва Туркманистон ба далели маҳсур будан дар хушкӣ, бо мушкилоти мутааддиде мувоҷеҳ ҳастанд. Баргузории нишастҳои ду ва сеҷониба бо Эрон, ин имконро барои ин кишварҳо фароҳам мекунад, то аз фурсатҳои ҳамсоягӣ бештарин баҳраро бубаранд .

Бо таваҷҷуҳ ба ниёзи шадиди давлатҳои фоқиди дастрасии иртиботӣ ба обҳои гарми байналмилалӣ бояд гуфт, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба ин ҳақиқат воқиф ҳастанд, ки танҳо дар сурати ҳамкорӣ бо Эрон бавижа дар умури ҳамлу нақл метавонанд ба роҳи навини Абрешим пайванд бихуранд ва аз мазоёи ҷуғрофиёии Эрон дар масири стратегии шимол-ҷануб баҳрабардорӣ ба амал оваранд. Дар ин замина, раисҷумҳури Туркманистон дар моҳи октябри гузашта эълом кард: Иттисоли хутути оҳани Қазоқистон ва Туркманистон ба Эрон ва иттисоли хутути оҳани Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон зарфиятҳои тиҷории зиёдеро дар минтақа ба вуҷуд овардааст ва кишварҳои минтақа мебоист аз ин зарфиятҳо истифода кунанд. Вай дар ойини ифтитоҳи фурӯдгоҳи ҷадиди байналмилалии Ишқобод бо ишора ба заруратҳои эҳёи ҷоддаи Абрешим гуфт: Ин ҷода бояд кишварҳои шарқро ба ғарб муттасил кунад, то аз ин тариқ битавонем ба унвони як пули иртиботӣ дар минтақа ба тақвияти нақши ҳамлу нақл дар тиҷорати ҷаҳонӣ кумак кунем .

Дар миёни роҳҳои иртиботии мавҷуд дар минтақа, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон метавонад ба унвони бахше аз ҷоддаи Абрешими мавриди назари Эрон ва Чин ва бахше аз масири Чобаҳор ба Осиёи Марказии мавриди назари Ҳинд ифои нақш кунад ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро аз инзивои ҷуғрофиёӣ хориҷ созад.

Дар маҷмуъ, баргузории нишасти сеҷонибаи Эрон бо Туркманистон ва Тоҷикистонро бояд гоме дар ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои чандҷонибаи иқтисодӣ ва тиҷорӣ дар минтақа қаламдод кард. Ин ҳамкориҳо, имкони шукуфоии иқтисодии кишварҳои фаъол дар тӯли ин масири иртиботиро фароҳам хоҳад кард.