Зариф дар Мюнхен нақде бар таҳдидҳо ва таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон
Вазири умури хориҷаи Эрон, ки барои ширкат дар Конфронси амниятии Мюнхен ба Олмон сафар кардааст, дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии CNN, дар таҳлиле дар бораи таҳдидҳои Амрико гуфт, ҳар касе, ки дар гузашта Эронро озмуда медонад, эрониён ҳечгоҳ ба забони таҳдид аҳаммияте надода ва танҳо ба эҳтироми мутақобил ва манофеи муштарак посух медиҳанд.
Амрико дар ҳамаи солҳои пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ, Эронро пайваста таҳрим ва таҳдид карда ва ҳамаи гузинаҳо аз ҳимоят аз Саддом дар ҷанги таҳмилӣ то таҳримҳои фалаҷкунандаро озмудааст. Амрико акнун баъд аз БАРҶОМ сенарияи таҳдидсозӣ аз тавони мушакии Эронро дар дастури кор қарор додааст, то Эронро таҳдиде амниятӣ дар минтақа нишон диҳад. Ин иттиҳом аммо аз ҷониби касоне матраҳ мешавад, ки худ чолиши аслӣ барои амнияти минтақа ва ҷаҳон ҳастанд. Нетаняҳу, нахуствазири Исроил низ, ки ҳафтаи гузашта сафаре ба Амрико дошт, дар канори Трамп саъй кард, бо фарофиканӣ Эронро маншаи таҳдидҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ нишон диҳад. Аммо ҳамин бозигарони ҷангафруз дар минтақа ҳар рӯз баёния содир мекунанд ва аз рӯи миз будани ҳамаи гузинаҳо сухан мегӯянд .
Воқеият ин аст, ки давлати Трамп ҳамон кореро мекунад, ки раҳбари муаззам дар баёноти ахирашон бадон ишора ва тасреҳ карданд, ки Трамп бо ин иқдомот чеҳраи воқеии Амрикоро нишон дод.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳафтаи гузашта дар дидори пуршӯри ҳазорон нафар аз мардуми Озарбойҷон, дар табйини ҳадафи воқеии давлати қаблӣ ва феълии Амрико аз такрори тарфанди таҳдиди Эрон ба ҷанг таъкид карданд, имрӯз ҳам мисли қабл, онҳо аз гузинаҳои низомии рӯи миз ҳарф мезананд дар ҳоле, ки мехоҳанд, зеҳни моро аз ҷанги воқеӣ яъне набарди иқтисодӣ мунҳариф кунанд.
Воқеият ин аст, ки қудрати Амрико дар ҳоли уфул аст, ин назар, сирфан як шиор аз ҷониби мухолифони сиёсатҳои давлати Амрико нест, балки имрӯз соҳибназарони бисёре ҳам дар дохили Амрико ва ҳам дар хориҷи он низ бар ин мавзуъ таъкид доранд. Ҷон Эикенберрӣ, назарияпардози равобити байналмилал ва сиёсати хориҷии Амрико ва устоди улуми сиёсӣ ва равобити байналмилали донишгоҳи Принстони Амрико дар соли 2014 дар мақолае бо унвони “Ояндаи назми ҷаҳонии либерал”, ки тавассути маҷаллаи “Foreign Affairs” мунташир шуд, ба тағйири қудрати ҷаҳонӣ ишора мекунад. Вай муътақид аст, “Тағйири қудрати ҷаҳонӣ ва уфули қудрати Амрико ва тағйири низоми такқутбӣ дар ҷарён аст. Асри Амрико дар ҳоли поён аст. Мо шоҳиди пайдоиши қудратҳое навзуҳӯр ҳастем дар ҳоле, ки қудрати Амрико дар ҳоли фарсоиш аст”.
Аз нигоҳи Ноам Чомскӣ, андешманди амрикоӣ низ агарчи усули тасаллути империалистии Амрико тағйир карда, аммо зарфияти пиёдасозии он ба шакли қобили мулоҳизае коҳиш ёфтааст. Амрикои ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ дар ҳоли суқут аст.
Лизо инки таҳдидҳо ва иқдомоти Амрико то чи андоза ба амалгароӣ дар сиёсатҳои давраи Трамп табдил хоҳад шуд ва оё Трамп дар мавқеияте қарор хоҳад дошт, ки ба шиорҳои тунди интихоботӣ пойбанд бимонад, ҷойи баҳс дорад. Албатта то он замон, ки Трамп ва атрофиёнаш дарк кунанд, воқеан дар Амрико ва ҷаҳон чи мегузарад, мумкин аст, хеле иттифоқҳои пешбининашуда биафтад, ки барои Амрико гарон тамом шавад .