Феврал 19, 2017 20:11 Asia/Dushanbe
  • Афғонистон ва Эрон бар густариши ҳамкориҳои амниятиву иқтисодӣ таъкид карданд

Раиси ҷумҳурии Афғонистон ва вазири умури хориҷаи Эрон дар дидоре дар ҳошияи нишасти амниятии Мюнхен бар густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодӣ миёни ду кишвар таъкид карданд.

Раиси ҷумҳурии Афғонистон ва вазири умури хориҷаи Эрон дар дидоре дар ҳошияи нишасти амниятии Мюнхен бар густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодӣ миёни ду кишвар таъкид карданд.

Дар ин дидор ҳар ду тараф дар мавриди густариши ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар арсаҳои амниятӣ, иқтисодӣ, танзими умури марзӣ, масоили минтақаӣ ва мубориза бо терроризм, конфронси ҳамкориҳои минтақаӣ ва бастаи пешниҳодии ҳукумати Афғонистон ба Эрон, баҳсу табодули назар карданд.

Ғанӣ дар мавриди хати оҳан, ки Чинро аз тариқи Афғонистон ба Эрон васл мекунад ва ҳамчунон иттисоли кишварҳои Осиёи Миёна аз тариқи Афғонистон ва эҳёи Роҳи абрешим матолибе баён кард.

Дар ин дидор қарор бар он шуд то дар бораи бастаи пешниҳодии Афғонистон, ҳукумати Эрони назароти худро баён кунад ва пас аз он дар ин робита гуфтугӯҳо оғоз шавад.