Қосимӣ: Режими саҳюнистӣ ба ҳеч қонун ва муқаррароти байналмилалӣ пойбанд нест
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i13656-Қосимӣ_Режими_саҳюнистӣ_ба_ҳеч_қонун_ва_муқаррароти_байналмилалӣ_пойбанд_нест
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, режими саҳюнистӣ ба ҳеч қонун ва муқаррароти байналмилалӣ пойбанд нест ва имрӯз ҳам таҳдиди ҷиддӣ, барои кулли минтақа ва ҷаҳон ба шумор меравад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 20, 2017 15:53 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Режими саҳюнистӣ ба ҳеч қонун ва муқаррароти байналмилалӣ пойбанд нест

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, режими саҳюнистӣ ба ҳеч қонун ва муқаррароти байналмилалӣ пойбанд нест ва имрӯз ҳам таҳдиди ҷиддӣ, барои кулли минтақа ва ҷаҳон ба шумор меравад.

Баҳроми Қосимӣ-сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, имрӯз душанбе дар нишаст бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ, дар посух ба саволи хабарнигори бурун марзӣ дар бораи таҳдиди атомии Исроил барои минтақа ва амнияти байналмилалӣ ва мағфул мондани баҳси баррасии таслиҳоти атомии режими саҳюнистӣ дар Иҷлоси амниятии Мюнхен афзуд, режими саҳюнистӣ мӯҷиби нигаронии кишварҳои минтақа ва хориҷ аз минтақа шудааст.

Қосимӣ тасреҳ кард, мавзӯъи силоҳҳои атомии Исроил ҳамвора дар дастури кори Эрон ва соири кишварҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар нишастҳои байналмилалӣ будааст, аммо ниёз ба як иродаи ҷиддӣ вуҷуд дорад, то режими саҳюнистиро маҷбӯр ба халъи силоҳи атомӣ кунад.

Вай бо ёдоварии баргузории шашумин конфронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин, ки фардо бо ҳузури ҳайатҳое аз 80 кишвари ҷаҳон дар Теҳрон баргузор мешавад, низ гуфт, масоили калон, аз ҷумла идомаи ишғолгарии режим саҳюнистӣ дар ин иҷлос матраҳ шавад.

Қосимӣ дар бораи изҳори назари бархе мақомоти кишварҳои минтақа дар Конфронси амниятии Мюнхен ҳам гуфт, бо вуҷуди суханон норуо зидди Эрон дар ин конфронс, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунон ба сиёсати созандаи худ бинобар сулҳ, амният ва субот дар минтақа идома медиҳад ва барои ҳеч бадахлоқӣ ва иқдоми мутақобил пешқадам нахоҳад шуд.

Қосимӣ бо баён ин ки мавозие, ки тавассути бархе аз кишварҳо дар Мюнхен иттихоз шуд, мавозеъи такрорӣ аст, тасреҳ кард,ононе, ки суханони насанҷида баён мекунанд ба авоқиби суханони худ диққати бештаре кунанд ва бидонанд сабри Эрон ҳам ҳадду ҳудуде дорад.

 Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи изҳорот вазири умури хорҷаи Туркия, дар конфронси амниятии Мюнхен низ гуфт, вазъияти ошуфта ва нобсомони Туркия боис шуда, ки баъзе аз сиёсатмадорони ин кишвар рафторҳо ва гуфторҳои ноҳинҷоре дошта бошанд ва ба эҳтимоли зиёд ба авоқиби он ҳам фикр накарданд.

Вай  таъкид кард, изҳороти вазири умури хориҷаи Туркия, аз рӯйи асабоният ва барои фарофикании мушкилоте буда, ки дар асари сиёсатҳои ғалати ин кишвар дучори он шудааст.

Қосимӣ ҳамчунин бо муваффақомез донистани нишасти Остона-2 ва равобити се кишвари замонаткунандаи оташбас дар Сурия гуфт, нишастҳо ва ройзаниҳо барои расидан ба тафоҳум ва иттихози мавозеъи муштарак баргузор мешавад, зимни ин ки мумкин аст, дар бархе мавзуот назарот мутафовит бошад.

Сухангӯи вазорат умури хориҷаи Эрон, дар бораи сафари ахири Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Уммон ва Кувейт, ки дар як фосилаи замонии кӯтоҳи анҷом шуд, ҳамкории минтақаиро сиёсати усули Эрон донист ва гуфт, дар ин сафар илова бар масоили дуҷониба, дидгоҳҳои тарафайн дар бораи масоили минтақа ва то ҳадде масоили ҷаҳонӣ ба тафсил баён шуд.

Қосимӣ дар бораи баргузории референдум дар Қарабоғ ҳам тавсия кард: барои ҳалу фасли ин буҳрон, ки нигаронии зиёдеро барои минтақаи Қафқоз эҷод карда, ҳарчӣ сареътар роҳи ҳалле эҷод шавад.

Референдуми имрӯзи Қарабоғ, системи идораи ин минтақаро, аз нимараёсатӣ ба раёсатӣ табдил мекунад.

Қосимӣ дар бораи сафари Иброҳими Раҳимпур, муовини Осиё ва Уқёнусияи вазири умури хориҷаи Эрон ба Маскав барои ширкат дар гуфтугӯи сулҳи Афғонистон ҳам гуфт, иҷлосҳои мутааддиде дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон барои ҳалу фасли мушкилоти минтақаӣ баргузор мешавад ва бо таваҷҷӯҳ ба пешина ва шароити хоссе, ки дар равобити Эрон ва Афғонистон вуҷуд дорад, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нишасти Маскав ҳузур ёфт.