Рӯҳонӣ: Режими саҳюнистӣ режимии ҷаълӣ ва ғарбсохта аст
(last modified Wed, 22 Feb 2017 16:30:38 GMT )
Феврал 22, 2017 21:30 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Режими саҳюнистӣ режимии ҷаълӣ ва ғарбсохта аст

Раисҷумҳури исломии Эрон дар маросими ихтитомияи шашумин Конфронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин гуфт: Мавзуи Фаластин, муҳимтарин масъалаи дунёи ислом аст ва режими саҳюнистӣ, режиме ҷаълӣ ва ғарбсохта аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ шомгоҳи чаҳоршанбе дар ин маросим бо ишора ба собиқаи торихии ишғоли Фаластин гуфт: Фаластин мушкили як қавм ва ё як миллат нест, балки аз як сӯ нишонаи зулму ситам, нодида гирифтани ҳуқуқи байналмилал ва нокоромад будани созмонҳои байналмилалӣ аст ва аз сӯи дигар намоди талошҳои муҷоҳидона ва дунболадори як миллат барои дастёбӣ ба ҳуқуқи худ аст .

Рӯҳонӣ афзуд, саҳюнистҳо дар паи онанд, ки ҷаҳониён бовар кунанд, фаластиниён оворагоне ҳастанд, ки бояд бидуни доштани сарзамин, гузарони умр кунанд ва ба ҳамин сабаб аст, ки онон муқовиматро терроризм мехонанд ва барои оддисозии таслим ва созиш, талош мекунанд .

Раисҷумҳури исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба ошубҳо ва талотумҳо дар Ховари Миёна гуфт, шароити асафбори минтақа ва Ховари Миёна ва иттиҳомзании кишварҳои исломӣ ба якдигар ба суди режими ишғолгари саҳюнистӣ аст .

Раисҷумҳури исломии Эрон таъкид кард: Ҳарчанд роҳи бисёр сахте барои бароварда шудани ҳуқуқи Фаластин пешорӯи ҳамаи мусулмонон аст, аммо миллате, ки барои дифоъ аз ҳуқуқаш роҳи ҷиҳодро баргузида, муваффақ хоҳад шуд .

Шашумин Конфронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи мардуми Фаластин рӯзи сешанбе бо ҳузури ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоб, дигар мақомҳои олирутбаи эронӣ ва беш аз 80 ҳайъат ва 700 меҳмон аз дигар кишварҳо гушоиш ёфт .