Феврал 24, 2017 19:30 Asia/Dushanbe
  • Тавсияҳои Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба шоирони динӣ

Дар остонаи фаро рисидани солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с), духтари гиромии Паёмбари акрам - ҳазрати Муҳамад Мустафо (с) ва ҳамсари амири муъминон Алӣ бин Абитолиб (а), ҷамъе аз шоирони динӣ бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор карданд.

Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор, ки панҷшанбешаб баргузор шуд, таъкид карданд: “Пайғамбари акрам ва имомони маъсум салавотуллоҳи алайҳим ҳамагӣ аҳли муборизаи шадиду муассир бо зулм, тоғут, куфр, нифоқу фисқ буданд ва ба ҳамин иллат низ ба дасти ҳокимони ҷобиру ситамкор ба шаҳодат расиданд”.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ пайравии воқеӣ аз имомони маъсумро пайравии амалӣ аз он бузургворон ва идома додани мубориза бо куфру нифоқ донистанду афзуданд: “Мубориза бо куфру нифоқи ҷаҳонӣ дар ҷумҳурии исломӣ осону имконпазир аст, дар ҳоле ки дар зери сояи шуми бархе ҳукуматҳои минтақа, камтарин эъломи озодӣ аз Амрико низ муҷиби асабонияту вокуниши шадиди онҳо мешавад”.

Эшон гуфтанд: “Мубориза бо золимон, мунҳасир ба мубориза бо шамшер нест ва имрӯз таблиғот дар дунё ҳарфи аввалро мезанад, ки метавон бо абзори баёну шеър бо золимон мубориза кард ва дар солҳои ахир низ намунаҳои бисёр хубу умедворкунандае дар ин замина тавлид шудааст”.

Раҳбари инқилоби исломӣ ҳамчунин бо изҳори хурсандӣ аз пешрафти шеъри динӣ ва афзоиши шоирони фаъол дар сурудани шеъри динӣ афзуданд: “Шеъри хуб, бисёр таъсиргузору мондагор аст ва мо имрӯз ба шоироне эҳтиёҷ дорем, ки аз лиҳози тарози шеърӣ ҳамчун Ҳофиз, Саъдӣ ва Соиби Табрезӣ бошанд ва ин ҳадаф бо кор, талош, мутолиа, хондани шеърҳои бузургон ва ба кор бурдани алфози хуб дар ашъор даст ёфтанӣ аст”.

 

Барчасп