Феврал 25, 2017 19:24 Asia/Dushanbe
  • Сафари Неъматуллоҳ Имомзода ба ҷанубу ғарби Эрон

Сафири Тоҷикистон дар Эрон аз ҷозибаҳои гардишгарӣ обии Хуррамшаҳр дар ҷанубу ғарби ин кишвар, дидан кард.

Раиси Идораи мероси фарҳангӣ, саноати дастӣ ва гардишгарии Хуррамшаҳр дар ҷанубу ғарби Эрон, имрӯз шанбе дар хусуси ин хабар ба ИРНА, гуфт, сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо ҳузур дар Хуррамшаҳр аз поёнаи мусофирбарии дарёии Халиҷи Форси Хуррамшаҳр, то ду роҳии Наҳри Ароиз- рӯба рӯи Басраи Ироқ, ба муддати 45 дақиқа бо киштии гардишгарии обии “Брилянт” аз ҷозибаҳои обии ин минтақа дидан кард.

Саҷҷоди Покгавҳар изҳор дошт, сафири Тоҷикистон дар Эрон ҳамчунин аз маҷмааи гардишгарии“Брилянт”, ки ба сурати киштӣ сохта шуда ва шомили як бозор, ресторан ва синамо мебошад, низ боздид кард.

Покгавҳар, арзёбии сафири Тоҷикистон дар Эрон, аз сафар ба Хуррамшаҳр ва дидор аз ҷозибаҳои фарҳангӣ ва гардишгарӣ, ин шаҳристониро хуб арзёбӣ кард.

Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муҳаммадмаҳдии Мазоҳирӣ, раиси эронии созмони “ЭКО”, ҳамчунин дар сафар ба минтақаи озоди Арванд аз “Мӯзеи бензинхонаи Ободон” боздид карданд.

Шаҳристони Хуррамшаҳр дар ҷанубу ғарби вилояти Хузистон дар маҳалли ҷӯдоии ду рӯдхонаи пуроби Корун ва Арванд воқеъ шуда ва бо ҷозибаҳои гардишгарии фаровон ҳар сол, пазирои бисёре аз гардишгарон, корвонҳои роҳёни нур ва мусофирон аз гушаву канори Эрони исломӣ мебошад.