Оғози марҳилаи ниҳоии размоиши дарёии “Вилоят 95”
(last modified Sun, 26 Feb 2017 06:48:04 GMT )
Феврал 26, 2017 11:48 Asia/Dushanbe
  • Оғози марҳилаи ниҳоии размоиши дарёии “Вилоят 95”

Марҳилаи ниҳоии размоиши нерӯи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо номи “Вилоят 95”, субҳи якшанбе бо ҳузури фармондеҳи нерӯи дарёии артиш дар обҳои ҷануби Эрон оғоз шуд.

Размоиши “Вилоят 95”густарае ҳудуди ду миллион километри мураббаъ аз Тангаи Ҳурмуз то дарёи Уммон, шимоли Уқёнуси Ҳинд ва мадори 10 дараҷа аз хатти экваторро дарбар мегирад.

Адмирал Ҳабибуллоҳ Сайёрӣ- фармондеҳи нерӯи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳадаф аз баргузории размоиши бузурги дарёии “Вилоят 95”- ро интиқоли паёми сулҳ ва дӯстии Эрон ба кишварҳои минтақа, боло бурдани сатҳи тавонмандии дифоӣ, афзоиши сатҳи амнияти минтақа ва муқобила бо терроризми дарёӣ, унвон кард.