Ҷазби донишҷӯ аз 36 кишвар дар Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон
(last modified Sun, 26 Feb 2017 13:14:30 GMT )
Феврал 26, 2017 18:14 Asia/Dushanbe
  • Ҷазби донишҷӯ аз 36 кишвар дар Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон

Муовини байналмилали Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон гуфт, ин донишгоҳ дар ҳоли ҳозир аз 36 кишвари ҷаҳон ҷазби донишҷӯ дорад.

Ба гузориши Ирно, Алии Араб Хирадманд, муовини байналмилали Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон рӯз якшанбе гуфт, 664 донишҷӯи хориҷӣ аз соли 2011 дар ин донишгоҳ таҳсил мекунанд .

Алии Араб Хирадманд бо ишора ба инки се донишҷӯи Амрикои шимолӣ низ дар Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон таҳсил мекунанд, афзуд, баъд аз рӯи кор омадани Доналд Трамп, раисҷумҳури ҷадиди Амрико, мушкил ва маҳдудияте дар бораи ин донишҷӯён эъмол нашудааст .

Муовини байналмилали Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон ибрози умедворӣ кард, ин донишгоҳ дар соли ояндаи шамсӣ (1396) аз кишварҳои Чин, Индонезия, Ҳинд ва Покистон донишҷӯёни бештаре ҷазб кунад .

Вай ҳамчунин гуфт, ин донишгоҳ бо 14 кишвар 25 табодули устод доштааст .

Араб Хирадманд тасреҳ кард, бештарин таомулоти Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон дар ҷазби донишҷӯ, барои давраҳои кӯтоҳмуддат бо кишварҳои аврупоӣ ба вижа Олмон будааст .