Дуввумин Ҷоизаи Оскар барои Асғари Фарҳодӣ ва синамои Эрон
Филми “Фурӯшанда” сохтаи Асғари Фарҳодӣ, ҷоизаи бахши беҳтарин филми хориҷии 89-умин маросими эҳдои ҷавоизи Академияи улум ва ҳунарҳои синамо (Оскар)-ро касб кард.
Филмҳои “Тоно” маҳсули Австралия, “Тони Эрдман” маҳсули Олмон, “Сарзамини мина” маҳсули Дания ва “Марде ба номи Увеҳ” маҳсули Шветсия рақибони “Фурӯшанда”, дар Оскар- 2017 буданд.
Ин дуввумин Оскари Фарҳодӣ ва синамои Эрон аст.
Фарҳодӣ дар соли 2012 ҳам барои филми “Ҷудоии Нодир аз Симин” муваффақ ба касби ин ҷоиза шуда буд.
Асғари Фарҳодӣ ва авомили филми “Фурӯшанда” дар эътироз ба фармони зидди муҳоҷиратии Трамп-раисиҷумҳури Амрико дар ин маросим, ки бомдоди душанбе ба вақти Теҳрон баргузор шуд, ширкат накарданд ва Ануша Ансорӣ, нахустин фазонаварди зани эронӣ ва Фирӯзи Нодирӣ аз мудирони пешини НАСА ба намояндагӣ аз онҳо дар маросими Оскар ҳузур ёфтанд.
Дар баёния Фарҳодӣ, ки дар ин маросим қироат шуд, омадааст, ғайбат дар маросими Оскар барои эҳтиром ба мардуми Эрон ва шаш кишвари дигаре аст, ки бо қонуни ғайриинсоние, ки муҳоҷиронро аз вуруд ба Амрико манъ мекунад, мавриди беэҳтиромӣ қарор гирифтаанд.
Баёнияи Фарҳодӣ бо ташвиқи густурдаи ҳуззори ширкаткунанда дар маросими Оскар ҳамроҳ шуд.