Интиқоди хатиби ҷумъаи Теҳрон аз сиёсатҳои давлати Арабистон
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон сиёсатҳои нодурусти давлати Арабистон дар хусуси маросими ҳаҷро сабаби ҷариҳадор шудани эҳсосоти мусулмонони ҷаҳон ва бар зарари ҳокимони ин кишвар донист.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурунмарзии Садо ва Симо, оятуллоҳ Муҳаммадалӣ Муваҳҳидии Кирмонӣ имрӯз дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба амалкарди ҳуккоми Оли Сауд дар мамониат аз ҳузури зоирони эронӣ дар маносики ҳаҷҷи имсол таъкид кард: "Онҳо дар ҳоле муддаии табаият аз Ислом ва Қуръон ҳастанд, ки ҷуз хилофи масолеҳи мусулмонони ҷаҳон гоме барнадоштаанд".
Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо баёни ин ки рафторҳои зиддиисломии режими Оли Сауд ҷуз танаффур ва инзиҷори беш аз пеши миллатҳои мусулмон аз онҳо натиҷае надорад, тасреҳ кард: "Идомаи ин сиёсатҳо боис хоҳад шуд онҳо бо тарсу ҳарос вориди Масҷидулҳаром шаванд".
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, бинобар мазмуни сареҳи Қуръон касоне, ки роҳи Хонаи Худоро ба рӯйи муъминон ва мусулмонон мебанданд, бо уқубате ногувор мувоҷеҳ хоҳанд шуд.
Оятуллоҳ Кирмонӣ ҳамчунин бо ишора ба буҳронҳои минтақа, аз ҷумла дар Яман ва Сурия ибрози умедворӣ кард: "Мардуми ин кишварҳо дар баробари мутаҷовизони террорист, ки дар канори Амрико, режими саҳюнистӣ ва Арабистони Саудӣ аз ҳеч ҷинояте рӯйгардон нестанд, пирӯз шаванд ва рӯйи оромиш ва амниятро дар кишварҳои худ бубинанд".