Феврал 27, 2017 15:46 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши мақомҳои эронӣ ва расонаҳои ҷаҳонӣ ба дуввумин Оскари синамоии Эрон

Эътои дуввумин Оскари синамоии Эрон ба филми «Фурӯшанда»-и Асғари Фарҳодӣ, бо вокуниши мусбати мақомҳои эронӣ, рӯба рӯ шуд ва бозтоби густурдае дар расонаҳои байналмилалӣ дошт.

Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ- муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, касби ҷоизаи беҳтарин филми хориҷии Академияи улум ва ҳунарҳои синамо (Оскар)-ро ба Асғари Фарҳодӣ коргардони ин филм табрик гуфт ва афзуд, ҳузур наёфтан Фарҳодӣ ва авомили филми “Фурӯшанда” дар маросими Оскар, иқдоми саҳиҳе барои дифоъ аз миллати Эрон, муқобили як ҳаракати зиддинсонӣ ва ғайриусулии дар Амрико буд.

Асғари Фарҳодӣ ва авомили ин филм дар эътироз ба фармони зиддимуҳоҷиратии Доналд Трамп дар маросими Оскар, ширкат накарданд ва Ануша Ансорӣ- нахустин фазонаварди зани эронӣ ва Фирӯзи Нодирӣ аз мудирони пешини НАСА, ба намояндагӣ аз онҳо дар маросими Оскар ҳузур ёфтанд.

Муҳаммадҷаводи Зариф-вазири умури хориҷа ва Алиризо Тобиш-мудиромили Бунёди синамои Форобии Эрон низ дар паёмҳои ҷудогона, касби ҷоиза беҳтарин филми хориҷии Оскарро ба Фарҳодӣ табрик гуфтанд.

Дар паёми Зариф омадааст, Эрон ба авомили ин филм барои касби Оскар ва истодан муқобили мамнуъияти вуруди мусулмонон ба Аморико, ифтихор мекунад.

Рӯзномаи Индепендент низ имрӯз навиш, вақте «Фурӯшанда»-и Оскар беҳтарин филми хориҷиро бурд, Асғари Фарҳодӣ қонуни зиддимуҳоҷиратии Трампро ҳадаф қарор дод.

Маҷаллаи пайпл ҳам навишт, коргардони эронӣ, ки дар маросими Оскар ширкат накард, дар суханронии дарёфти ҷоизааш, ки Ануша Ансорӣ, онро хонд, қонуни зиддимуҳоҷиратии Трампро "ғайри инсонӣ" донист.

Лос-Анҷелес Таймз, Чикаго Трибун, ББС, СНН, Фигаро, Гордиан, Вашингтон Экзаминер, Нюс 18, TV Guide, Vanity Fair ва Пример низ аз дигар расонаҳои байналмилалӣ буданд, ки тақдими Ҷоизаи Оскар-беҳтарин филми хориҷӣ ба коргардонии эрониро дар сархати хабарҳои худ қарор доданд.