Партоби муваффақиятомези ҷадидтарин мушаки Крузи дарёии Эрон
(last modified Mon, 27 Feb 2017 12:08:59 GMT )
Феврал 27, 2017 17:08 Asia/Dushanbe
  • Партоби муваффақиятомези ҷадидтарин мушаки Крузи дарёии Эрон

Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт: Ҷадидтарин мушаки Крузи дарёии Эрон бо номи “Насир” дар размоиши нерӯи дарёии артиши ҷумҳурии исломии Эрон бо муваффақият партоб шуд.

Ба иттилои пойгоҳи хабарии бурунмарзӣ, генерал Ҳусайни Деҳқон, вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи душанбе гуфт: Дар размоиши бузурги нерӯи дарёии артиш, ки бо номи “Вилоят-95” дар обҳои ҷануби Эрон дар ҳоли баргузорӣ аст, ҷадидтарин мушаки Крузи дарёӣ бо номи “Насир” партоб ва бо муваффақият ба ҳадаф исобат кард .

Размоиши нерӯи дарёии артиши Эрон бо номи “Вилоят-и 95” субҳи рӯзи якшанбе дар маҳдудае ба вусъати ду миллион километри мураббаъ аз тангаи Ҳурмуз, дарёи Уммон, шимоли уқёнуси Ҳинд ва тангаи Бобалмандеб то мадори 10 дараҷа оғоз шуд .

Ба гуфтаи генерал Ҳабибуллоҳи Сайёрӣ, фармондеҳи нерӯи дарёии артиши Эрон, ҳадаф аз баргузории размоиши ин нерӯ, дифоъ аз марзҳои обӣ ва барқарории амният дар минтақа, мубориза бо дуздони дарёӣ, терроризм ва ирсоли паёми сулҳу дӯстӣ ба кишварҳои минтақа аст .