Сӯгвории шаҳодати ҳазрати Фотима (с) бо ҳузури Раҳбари муаззами инқилоб
Аввалин шаби маросими азодории шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо, бо ҳузури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, мақомот ва қишрҳои мухталифи мардуми Эрон дар Теҳрон баргузор шуд.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, дар ин маросим ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сиддиқӣ фазоил ва мақомоти маънавии ҳазрати Фотима саломуллоҳи алайҳоро бисёр бартар аз фаҳму дарки ақлҳои башарӣ хонд ва бо ишора ба фарозҳое аз хутбаи Фадаки он ҳазрат афзуд, итоат аз дастуроти аҳли байт (а) дар ҷомеаи исломӣ, асли асосӣ ва муҷиби барқарории адолат ва ваҳдат аст.
Ҳамчунин дар ин маросим маддоҳони аҳли байт (а) дар бораи мусибатҳои ҳазрати сиддиқаи тоҳира саломуллоҳ алайҳо марсиясароӣ ва навҳахонӣ карданд.
Маросими айёми сӯгвории шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро саломуллоҳ алайҳо аз душанбеи бистуҳафтуми феврал то ҷумъаи сеюми март, ба муддати панҷ шаб баъд аз намози мағриб ва ишо дар ҳусайнияи Имом Хумайнӣ (раҳ) Теҳрон баргузор мешавад.
Панҷшанбе, дувуми марти соли 2017, баробар бо сеюми ҷимоди-ус-сонии 1438 ба ривояте солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) духтари гиромии паёмбари акрам - ҳазрати Муҳаммад Мустафо (с) ва ҳамсари амири муъминон Алӣ ибни Абитолиб (а) аст.
Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) бинобар ривояте 13 –уми ҷимоди-ул-аввал ва дар ривояти дигаре сеюми ҷимоди-ус-сонии соли 11-и ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат расиданд.