Феврал 28, 2017 16:14 Asia/Dushanbe
  • Гурӯҳи филми эронии “Фурӯшанда” тренди ҷаҳонӣ шуд

Гурӯҳ (ҳаштак)-и англисии “Фурӯшанда” (Thesalesman#), филми эронии барандаи Оскар, дар шабакаи иҷтимоии Твиттер тренди ҷаҳонӣ шуд.

Ба гузориши ИРНА, интишори тасовири Асғари Фарҳодӣ, коргардон ва Тарона Алидӯстӣ ва Шаҳоби Ҳусайнӣ, бозигарони номошнои ин филм аз бахши аслии ин ҳаштаки трендшудаи шабакаи иҷтимоии Твиттер ҳастанд.

Бисёре аз чеҳраҳои шинохташудаи ҷаҳон, аз ҷумла Содиқ Хон, шаҳрдори Лондон ва расонаҳои байналмилалӣ аз ин гурӯҳ ҷонибдорӣ кардаанд.

Филми “Фурӯшанда” дар ҳаштодунуҳумин маросими эътои ҷоизаҳои Оскар, барандаи ҷоизаи беҳтарин филми ғайрианглисӣ шуд.

Фарҳод барои дувумин бор ҷоизаи Оскар, беҳтарин филми хориҷиро аз они худ кард.

Ин коргардони эронӣ ва гурӯҳи эҷодии филми “Фурӯшанда” дар эътироз ба фармони зиддимуҳоҷиратии Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар ин маросим, ки бомдоди душанбе ба вақти Теҳрон баргузор шуд, ширкат накарданд.