Донишгоҳи Теҳрон дар ҷамъи бартарин муассисоти фаннӣ- муҳандисии ҷаҳон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i14006-Донишгоҳи_Теҳрон_дар_ҷамъи_бартарин_муассисоти_фаннӣ_муҳандисии_ҷаҳон
Донишгоҳи Теҳрон ҷойгоҳи 48 ҷаҳонӣ ва рутбаи нахусти миллиро дар ҳавза фаннӣ- муҳандисӣ дар рутбабандии Шангхай, дар соли 2016 касб кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 28, 2017 13:18 Asia/Dushanbe
  • Донишгоҳи Теҳрон дар ҷамъи бартарин муассисоти фаннӣ- муҳандисии ҷаҳон

Донишгоҳи Теҳрон ҷойгоҳи 48 ҷаҳонӣ ва рутбаи нахусти миллиро дар ҳавза фаннӣ- муҳандисӣ дар рутбабандии Шангхай, дар соли 2016 касб кард.

Ба гузориши ИСНО, низоми рутбабандии ҳавзаии «Шангхай», муассисаҳои пешрави дунёро дар панҷ ҳавза, риёзиёт ва улуми табӣ, муҳандисӣ, фанноварӣ ва улуми роёна, улуми зистӣ ва кишоварзӣ, пизишкии болинӣ ва дорусозӣ ва улуми иҷтимоӣ, арзёбӣ мекунад.

Дар ин рутбабанди Донишгоҳи Теҳрон, дар ҳавзаи фаннӣ муҳандисӣ, дар канори донишгоҳҳои муътабаре чун Донишгоҳи Вашингтон, Гренада, Корея, Торонто, санъатии Чалмерс ва миллии Тайван истодааст.