Март 03, 2017 16:46 Asia/Dushanbe
  • “Эрони исломӣ - бародари қудратманди кишварҳои минтақа”

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, Эрони исломӣ бародари қудратманди кишварҳои минтақа аст ва иқтидори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чорчӯби суботи ин кишварҳо қарор дорад.

Оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон ҳамчунин ба афзоиши Эронҳаросӣ дар минтақа пас аз рӯйи кор омадани Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ишора карду гуфт: “Ҳокимони кишварҳои минтақа бидонанд, Амрико танҳо ба дунболи истифода аз онон асту ҳамонанди Саддоми диктатори эъдомшудаи Ироқ рӯзе ононро низ канор хоҳад гузошт”.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон афзуд, Амрико ба дунболи таҷзияи кишварҳои минтақа аст ва кишварҳои минтақа бояд чашмони худро ба рӯйи ин фитнаи амрикоиҳо боз нигаҳ доранд.

Сайид Аҳмади Хотамӣ гуфт, агар Эрон набуд, акнун гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқ, Сурия ва Лубнон ҳукумат ташкил дода буд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин таъкид кард, ҳадафи Амрико ва муттаҳидонаш аз эҷоди минтақаи “парвоз-мамнӯъ” дар Сурия, маскун кардани оворагон нест, балки онон ба дунболи паноҳ додани террористҳо дар минтақаи “парвоз-мамнӯъ” бо ҳадафи таҷзияи Сурия ҳастанд.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон хитоб ба масъулони Кумитаи Имдоди Имом Хумайнӣ (раҳ) ва некӯкорон низ тавсия кард, аз фардо то Наврӯз, ки рӯзҳои эҳсон ва некӯкорӣ аст, ба фикри хидмат ба мустамандон ва камбизоатон бошанд ва ятимонро низ фарзандони худ бидонанд.

 

 

Барчасп