Такрори иддаои беасоси саудиҳо зидди Эрон
Арабистони Саудӣ бори дигар дар иддаое такрорӣ ва беасос, ҷумҳурии исломии Эронро ба дахолат дар умури дохилии кишварҳои минтақа муттаҳам кард.
Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, ҳайъати доимии Арабистони Саудӣ дар Созмони милал дар Нишасти коршиносони низомии мутаҷовизон ба Яман бо тарҳи иддаоҳои нахнамошуда, ба заъми худ таваққуфи дахолати Эрон дар минтақа аз ҷумла дар Яманро хостор шуд .
Ин дар ҳолест, ки аз марти 2015 токунун Арабистони Саудӣ дар садри эътилофе аз кишварҳои арабӣ ҳамчун Иморот ба Яман ҳамла карда ва ин кишвари кӯчаки арабиро ҳадафи ваҳшиёнатарин ҳамалот қарор додааст .
Чанд рӯзи пеш ҳам Анвар Қарқош, вазири мушовир дар умури хориҷии давлати Иморот дар суханоне бо иддаои инки Эрон дар чорчуби таҳаррукоти зидди Саудӣ ба ҳусиҳои яманӣ силоҳ ирсол мекунад, муддаӣ шуд, Эрон ба дахолатҳои худ дар минтақа идома медиҳад .
Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон дар вокуниш ба ин иттиҳомот таъкид кардааст: Ҷои тааҷҷубу таассуф дорад кишваре, ки ҳудуди ду сол аст, дар тахриби зерсохтҳои Яман ва ҷинояти ҷангӣ ва муҳосираи золимонаи мардум нақш ва масъулияти мустақим доштааст, дигаронро ба дахолат дар Яман муттаҳам мекунад .