Март 04, 2017 15:57 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи муносиботи иқтисодии Эрон ва кишварҳои ҳамсоя рӯйи хатҳои роҳи оҳан

Шомгоҳи ҷумъа, қатори ҷумҳурии Озарбойҷон ба сурати озмоишӣ вориди шаҳристони Осторои Эрон шуд.

Ин хабар навиддиҳандаи бардошта шудани гоми баланде аст, ки Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон ваъдаи онро дода буданд то яке аз ҳалқаҳои муҳими каридори ҳамлу нақли байналмилалии Шимол - Ҷануби Эрон такмил шавад.

Санади тавофуқномаи иттисоли роҳи оҳани ҷумҳурии Озарбойҷон ва Эрон дар моҳи октябри соли 2015 дар нишасти комиссияи ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон имзо шуд. Ин каридор иртиботи кишварҳои аврупоӣ, Осиёи Марказӣ, Русия ва минтақаи Қафқозро бо халиҷи Форс ва Ҳинд фароҳам хоҳад кард ва бандари Осторо дар ин каридор ба унвони нуқтаи иттисоли хатти релеи Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон, дарвозаи тиҷории Эрон бо АвруОсиё хоҳад буд.

Бар асоси тавофуқи масъулони Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон, тарҳи иттисоли роҳи оҳани Осторо - Осторо байни ду кишвар ба имтидоди ду километр дар хоки Эрон ва ҳашт километр дар хоки Озарбойҷон дар ҳоли аҷрост. Бахше аз амалиёти релегузорӣ дар хоки Эрон ба тӯли 6000 метр дар ҳоли итмом аст ва бо барномарезиҳои суратгирифта, идомаи масири релегузорӣ ба суръат анҷом хоҳад шуд. Ҳудуди ду сол қабл буд, ки бо вуруди нахустин қатор аз Туркманистон ба марзи Инчабурун, садои ҳуштаки қатор дар ин минтақа низ танинандоз шуд. Пештар низ дар минтақаи Сарахс - Теҷен роҳи оҳани Эрон аз масири Туркманистон ба Осиёи Марказӣ муттасил шуда буд. Баҳрабардорӣ аз проекти муштараки хатти оҳани Эрон – Туркманистон – Қазоқистон дар декабри соли 2014 бо ҳузури руасои ҷумҳурии се кишвар оғоз шуд.

Бо баҳрабардорӣ аз ин хутути роҳи оҳан, масири ҳамлу нақли тиҷорати ҷаҳонӣ миёни Шарқ (аз Чин то Осиёи Марказӣ) ва Ғарби ҷаҳон (ба вижа Аврупои ғарбӣ) ҳудуди 10 ҳазор километр роҳи заминӣ коҳиш ёфт. Акнун бо такмили гом ба гоми проекти роҳи оҳани Рашт ва Осторо ва иттисоли он ба хутути релеи ҷумҳурии Озарбойҷон, Эрон аз масири ҷадиде ба Осиёи Марказӣ ва Қафқоз муттасил хоҳад шуд. Иҷрои роҳи оҳани Қазвин – Рашт; Осторо бахши дигаре аз каридори Шимол -Ҷануб аст, ки мутобиқи барномаи замонбандишуда, барои такмили ин тарҳ то поёни соли ҷорӣ ҷиҳати иттисол ба роҳи оҳани Осторо талош мешавад.

Каридори Шимол - Ҷануб, масири релеи бандари Аббос то Осторои ҷумҳурии Озарбойҷон ва аз он ҷо то Русия ва кишварҳои шимоли Аврупоро шомил мешавад. Бо баҳрабардории комил аз ин проекти реле мутобиқи ҳадафгузориҳои суратгирифта, ҳаҷми равобит байни Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон ба чаҳор баробари вазъияти феълӣ иртиқо меёбад ва пешбинӣ мешавад, ҳаҷми мубодилоти ду кишвар ба ду миллиард доллар афзоиш ёбад. Ҷумҳурии Исломии Эрон бар ин бовар аст, ки дар сояи манофеи муштарак ва таомулоти ду ва чандҷониба, амният ва тавсеаи кишварҳо ба ҳам гиреҳ хоҳад хӯрд ва ин ҳамон ҳадафе аст, ки кишварҳои минтақа акнун беш аз пеш ба он ниёз доранд.