Март 05, 2017 11:38 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори вазири дохилии Эрон ба номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ

Вазири дохилии Эрон номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳуриро аз ҳар гуна фаъолияти таблиғотӣ пеш аз замони таъйин шуда, барҳазар дошт.

Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ- вазири дохилии Эрон, шанбешаб дар маросими кушоиши Ситоди интихобот дар ин вазоратхона, гуфт, афроде, ки аз ҳамакунун номзадии худро барои интихоботи 12-умин давраи раёсатҷумҳурӣ эълом кардаанд, тибқи қонун набояд пеш аз замони эълом шуда, фаъолияти таблиғотӣ дошта бошанд.

Раҳмонии Фазлӣ таъкид кард, агар чунин таблиғоте мушоҳида шавад, Вазорати дохилии Эрон ҳатман бо он, бархӯрд хоҳад кард.

Интихоботи панҷумин давраи Шӯроҳои исломии шаҳр ва русто, 12-умин давраи раёсатҷумҳурӣ ва нахустин миёндавраии 10-умин давраи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, ҳарсе ба таври ҳамзамон дар 19 май соли 2017 баргузор мешавад.

Бар асоси ҷадвали замонбандии таъйин шуда, довталабони ширкат дар 12-умин давраи интихоботи раёсатҷумҳурӣ метавонанд, аз 12 то 16 март ба муддати панҷ рӯз сабти ном кунанд.

Ҳамчунин довталабони интихоботи раёсатҷумҳурӣ, пас аз он ки салоҳияташон аз сӯи Шӯрои нигаҳбон баррасӣ ва таъйид шуд, метавонанд ба муддати 20 рӯз ба таблиғоти интихоботӣ ва ташреҳи барномаҳои худ бипардозанд.

Номнависӣ аз довталабони ширкат дар панҷумин давраи интихоботи Шӯроҳои исломии шаҳр ва русто низ аз 20 март оғоз мешавад ва то  26-уми март идома хоҳад дошт.

Интихоботи миёндавраии даҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои исломӣ, дар чаҳор ҳавзаи интихобия баргузор мешавад ва мӯҳлати сабти ном аз довталабон шомгоҳи шанбе ба поён расид.

Барчасп