Раисҷумҳури Озарбойҷон дар маҳзари раҳбари муаззами инқилоб
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори раисҷумҳури Озарбойҷон таи суханоне бо таҷлил аз мардуми мусулмони ҷумҳурии Озарбойҷон ва гароишҳои динии онон ба самти исломи воқеӣ, хайру салоҳи давлату мардуми мусулмони ҷумҳурии Озарбойҷонро баршумурданд.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ба Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон таъкид карданд, хайру маслиҳати ҳокимияти Боку дар ҳамроҳӣ бо эҳсосоти мазҳабии мардум аст ба наҳве, ки онон ҳечгуна нигаронӣ нисбат ба масоили мазҳабӣ аз ноҳияи давлат надошта бошанд. Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори оқои Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон, мазҳаби муштаракро муҳимтарин омил дар эҳсоси қаробат ва хешовандии ҷумҳурии исломии Эрон бо мардуму масъулони ҷумҳурии Озарбойҷон хонданд ва хотирнишон карданд: Сатҳи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар муқоиса бо зарфиятҳо ва имконоти ду кишвар бисёр поин аст ва ҳаҷми табодулот бояд то 10 баробари мизони кунунӣ афзоиш ёбад.
Изҳороти раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ҳолест, ки ҳокимияти Боку зимни эҷоди маҳдудиятҳо ва тангноҳои мутааддид барои фаъолиятҳои муъминини озарӣ, шумори зиёде аз фаъолони динӣ ва мазҳабии шиа дар ҷумҳурии Озарбойҷонро боздошт ва ба зиндонҳои дарозмуддат маҳкум кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ҷумҳурии Озарбойҷон вазъияти мутазалзиле дорад ва ҳар лаҳза имкони аз саргирии ҷанг вуҷуд дорад. Бадеҳист, ки дар сурати аз саргирии ҷанг бо Арманистон, мақомҳои давлати Боку ва ё сармоядорони озарӣ фарзандони худро барои дифоъ аз меҳан эъзом нахоҳанд кард. Дар ҳоле, ки ҳамин муъминини озарӣ, ки соҳибони аслӣ ва ворисони воқеии ҷумҳурии Озарбойҷон ҳастанд, дар хатти муқаддами ҷанг хоҳанд истод ва бо ҳаргуна душмане мубориза хоҳанд кард .
Дар ин шароит тарҳи бархе воқеиятҳо аз забони раҳбари муаззами инқилоби исломӣ нишондиҳандаи чанд нукта аст. Нахуст онки эшон ба масоили дохилии ҷумҳурии Озарбойҷон алоқа ва ишроф доранд ва аз наздикӣ масоилро пайгирӣ мекунанд. Дар воқеъ, масоили дохилии ҷумҳурии Озарбойҷон бавижа масоили мазҳабии ин кишвар барои раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳоизи аҳаммият аст. Дуввум онки валии амри муслимин бо тавсия ба шахси Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон ба сурати ғайримустақим аз вай хостааст, ба ҳуқуқу озодиҳои динии мардуми мусулмони ҷумҳурии Озарбойҷон эҳтиром бигузорад ва қадри муъминини озариро бидонад. Ба ҳамин далел аст, ки ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар изҳороти худ, бар ҳамроҳии мардум бо ҳокимияти Боку ва такя бар ононро муҳимтарин омил дар эҷоди масунияти ҷумҳурии Озарбойҷон муқобили қудратҳо донистанду афзуданд: Агар пушти давлати Озарбойҷон ба мардум гарм бошад, ҳеч қудрате наметавонад ба ҷумҳурии Озарбойҷон осеб бирасонад ва мо низ барои муваффақияти давлату миллати мусулмони ҷумҳурии Озарбойҷон дуо мекунем .
Дар маҷмуъ, дидори ҳайъати озарӣ ба сарпарастии раисҷумҳури Озарбойҷон бо раҳбари муаззами инқилоби исломиро бояд фаслулхитоби сафари Илҳом Алиев ба Теҳрон қаламдод кард .