Рӯҳонӣ ба Боку меравад
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон фардо, якшанбе, барои дидори дуҷониба ва ширкат дар иҷлоси сеҷонибаи Эрон, Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Боку сафар мекунад.
Ба гузориши Хабаргузории донишҷӯёни Эрон, Парвизи Исмоилӣ, муовини иртиботот ва итилоърасонии дафтари раисҷумҳури Эрон гуфтааст, Ҳасани Рӯҳонӣ, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон рӯзи душанбе дар иҷлоси муштараки Боку ҳамкориҳои сеҷониба, аз ҷумла дар ҳавзаи бозаргонӣ, энержӣ, иртиботот, масоили зистмуҳитӣ, мубориза бо терроризм, ҳамлу нақл ва транзитро мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳанд дод. Ӯ афзуд, раисҷумҳури Эрон дар ҳошияи ин иҷлос дидори дуҷонибае низ бо Владимир Путин хоҳад дошт ва масоили мавриди алоқа ва раванди ҳамкориҳои Эрону Русия мавриди баррасию гуфтугӯ қарор хоҳад гирифт.
Оқои Исмоилӣ гуфтааст, рӯзи якшанбе ба дидори дуҷонибаи Рӯҳонӣ бо ҳамтои озарбойҷонии худ ихтисос дошта, раванди иҷрои тавофуқоти ду кишвар ва низ ҳамкории тоза дар ҳавзаҳои бозаргонӣ, саноатӣ, энержӣ, фарҳангӣ, бонкӣ, тасҳилоти консулӣ, иртиботот, бавижа ҳамлу нақли роҳи оҳан мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор хоҳад гирифт.
Дар ин сафар ҳамчунин роҳандозии чанд воҳиди саноатии муштарак дар Озарбойҷон ҳамроҳ бо интиқоли фанноварӣ аз Эрон оғоз хоҳад шуд.