Шаҳре ба номи Першиё (Эрон) дар Амрико + видео
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i14304-Шаҳре_ба_номи_Першиё_(Эрон)_дар_Амрико_видео
Агарчи фармони муҳоҷиратии Трамп вуруди эрониёнро ба Амрико мамнӯъ мекунад, аммо дар Амрико шаҳрҳое бо ном Першиё, Албурз ва Кирмон вуҷуд дорад, ки аз эҳтимол дур аст ҳеҷ фармоне битавонад номи эронии онҳоро пок кунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 08, 2017 08:53 Asia/Dushanbe

Агарчи фармони муҳоҷиратии Трамп вуруди эрониёнро ба Амрико мамнӯъ мекунад, аммо дар Амрико шаҳрҳое бо ном Першиё, Албурз ва Кирмон вуҷуд дорад, ки аз эҳтимол дур аст ҳеҷ фармоне битавонад номи эронии онҳоро пок кунад.

Ҳамкорамон Комрони Наҷафзода ба шаҳре сафар кардааст, ки агарчи дар миёни даштҳои васеи иёлати Айова дар ғарби Амрико қарор дорад, аммо номи он Першиё (номи дигари Эрон) аст.

Масъулони шаҳр мегӯянд гурӯҳе аз коргарони эронӣ замоне, ки дар Амрико роҳи оҳан кашида мешуд, барои сохти ин роҳи оҳан дар ин шаҳр сокин шуданд.