Бахши вижаи Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии шеъри Фаҷр
Дабири иҷроии Ҷашнвораи байналмилалии шеъри Фаҷр, аз барномарезӣ барои роҳандозии бахши вижаи шеъри Тоҷикистон, дар ин ҷашнвораи байналмилалии адабӣ, барои соли оянда хабар дод.
Маҳдӣ Қизилӣ, шоирони тоҷикистонӣ ва Афғонистониро бародарони ҳамзабони шоирони эронӣ донист ва гуфт, имсол дар ҷашнвораи байналмилалии шеъри Фаҷр, бахши вижаи Афғонистон баргузор шуд ва умедворем, соли оянда низ бахши вижаи Тоҷикистон эҷод шавад.
Вай афзуд, дар ин ҷашнвораи байналмилалӣ, меҳвари мо забони форсӣ аст, то битавонем касонеро, ки барои густариши шеъри форсӣ дар дунё, фаъолият мекунандро дар конуни шеъри Фаҷр, гирди ҳамоварем ва ба ин ҳавза кумак кунем.
Ёздаҳумин Ҷашнвораи байналмилалии шеъри Фаҷр, имшаб бо ҳузури Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон, меҳмонон ва шоироне аз 7 кишвари ҷаҳон дар Машҳад ба кори худ поён медиҳад.
Ин давра аз ҷашнвора, мизбони шоирон ва устодони забони форси аз кишварҳои Русия, Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон, Ҳинд, Туркия ва Ироқ буд.
Дар ин маросим, афзӯн бар эҳдои ҷавоиз ба осори бартари ҷашнвора, ба 6 нафар аз пешкисватон ва бузургони арсаи шеъри форсӣ, нишони дараҷаи яки ҳунарӣ эъто хоҳад шуд.
Носири Файз, Сайидабулқосими Ҳусайнӣ, Абдуҷҷаббори Кокоӣ, Фотима Рокъӣ, Муҳаммадкозими Козимӣ ва Закариёи Ахлоқӣ, гувоҳиномаи дараҷаи яки ҳунарии худро аз дасти Сайидризо Солеҳии Амирӣ, Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дарёфт хоҳанд кард.